Календар
«    Июль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
19-06-2020, 16:31 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ҶАЛАСАИ МАШВАРАТИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

         Санаи 18 июни соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.

          Давоми рӯз дар якҷоягӣ бо меҳмонон аз вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ дидан карда шуд, аз ҷумла аз ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрории зиратҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳа, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус дар ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд.

         Пас аз санҷишу таҳлилҳои гурӯҳи кории вилоят дар қасри фарҳангии ноҳия оид ба натиҷагирӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.

          Зоҳирзода У. қайд намуд, ки соли 2021 Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегузарад.  Ба муовини якум ва муовинони раиси ноҳия барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин Иди байналмилалӣоид ба корҳои ободонӣ, дастуру супоришҳо дода шуд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ҳамарӯза оид ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ситодҳои корӣ гузаронида, баҳри амалишавии нақшаи генералии шаҳраки Балх чораандешӣ намояд.Ҷиҳатиҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонӣ чораҳои таъхирнопазир андешад, соҳибкорони бурунмарзиро барои амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣҷалб намояд.

       Ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия супориш дода шуд, ки оид ба таъмини нақшаи ҷамъоварии андоз, ба қайд гирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кишти картошка, кишти полезиҳо, кишти шолӣ, зироатҳои хӯроки чорво, амалишавии барномаи боғу токпарварӣ, ташкили гармхонаҳои доимоамалкунанда, ба ҳисоботҳои оморӣ ворид намудани шумораи тутҳои шинонидашуда, пешгирии ҳолати худкушӣ дар байни занон, ҷиноят байни ноболиғон чораву тадбирҳои зарурӣ андешанд, ҷиҳати сохтмони гестҳаустҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ соҳибкоронро ҷалб намоянд, доир ба иҷрои масъалаҳои кишоварзӣ ситодҳои корӣ ташкил намоянд, ба масъалаи таъминоти об диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд, оид ба захираи хӯроки маҳсулотҳо корҳои таблиғотӣ баранд, оид ба нишондиҳандаҳои ҷамоат ба таври доимӣ таҳлилҳо гузаронанд, корҳои ободониву созандагиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд, соҳибкорони бурунмарзиро барои амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ ҷалб намоянд.



скачать dle 12.1
Просмотров: 16  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.