http://balkhi.tj/
ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Аксари мутлақи шаҳрвандони Тоҷикистон барои субот, тараққиёт ва ояндаи боз ҳам беҳтари кишвари худ овоз доданд.
14-10-2020, 12:07 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПИРӮЗӢ МУБОРАК! Аксари мутлақи шаҳрвандони Тоҷикистон барои субот, тараққиёт ва ояндаи боз ҳам беҳтари кишвари худ овоз доданд

      Тавре қаблан хабар додем, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки 11 октябр баргузор шуд, бо гирифтани 90,92% овозҳо ғалаба ба даст оварданд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот ҷамъбаст ва баъдтар эълон карда мешаванд, аммо аллакай маълумоти аввалине, ки имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, пирӯзии боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод.

        Бино ба маълумоти КМИР, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам 127 ҳазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Раҳматзода Рустам 90 ҳазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ 49 ҳазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдории номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 62 ҳазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории номзад аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.

       Тибқи натиҷаҳои пешакии ҳисоби овозҳо 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд.

        Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот нишонаи камолоти фарҳанги баланди сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.

        Сокинони Тоҷикистон барои 7 соли оянда президент интихоб карданд. Онҳо ба тарафдории сулҳу субот дар ҷомеа, рушди устувори кишвар ва ояндаи беҳтари мардуми он овоз доданд.


скачать dle 12.1
Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.