http://balkhi.tj/
ХИЁНАТ БА ВАТАН-БАДКИРДОРТАРИН ХИСЛАТ ВА НОБАХШИДАНИСТ
16-10-2020, 13:46 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ХИЁНАТ БА ВАТАН-БАДКИРДОРТАРИН ХИСЛАТ ВА НОБАХШИДАНИСТ

           Ҷаҳони ноорому пуртазоди муосир ба масоили пуртазоде рў ба рў шудааст, ки кўшиши ҳалли онро мушкилоти зиёдеро пешорўи давлатҳо қарор додааст. Яке аз ин мушкилот ки ҷаҳони муосирро ба ташвиш андохтааст, ин пайдо шудани ташкилоти терористию экстеримисти мебошад. Мутаасифона таъсири ин амалҳои номатлубу даҳшатнок то ба баъзе шаҳрвандони сустирода, беандеша ва пастсирати Тоҷикистони мо низ расидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ бештар намуда, таъкид карда буданд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки террорист ва тероризмро ба худиву бегона ё хубу бад қудо кардан мумкин нест». Яъне террорист миллат Ватан, мазҳаб ва дин надорад. ин суханони пурмуҳтаво моро ба он водор мекунад, ки сари ҳар қадам, дар маъракаҳои нишастӣ суҳбатҳои сари роҳӣ ва дар ҳама ҳолат ба таблиҳоти дуруҳину бофтаи ҳаразноки ташкилоту ҳизбҳои терористию экстремистӣ аз он ҷумла ҲНИ, ҳизб-ул таҳрир, Ансоруллоҳ, қиҳоди исломӣ, толибон ва даҳҳо гурўҳҳои тундравии навтаъсис роҳ надиҳем ва баръакс ин ҳизбу ҳаракатҳоро гурўҳҳои ҳаразнок, ҷангҷў, ҳаробкор, ҳайриинсонӣ ва даҳшатноку паст фитрат биҳисобем.

Чанд рўз аст, ки дар шабакаҳои телевизионии Точикистон, Сафина ва Чаҳоннамо ва дигар шабакаҳои вилоятӣ филми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуда истодааст.

Аз тамошои ин филмнома бармеояд, ки баъзе ҳамватанони мо (онҳоро ҳамватан гуфтан ҳам нашояд) низ бо ҳар воситаю василаи ҳоҷагони хориҷии дохилии худ фирефтаи макру ҳиллаҳои мормонанди онҳо шуда, ба ин ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд ва ҳатто ба Ватану миллати азизи хеш хиёнати нобахшиданӣ кардаанд.

Аз давраи соли 1992 то инҷониб даҳҳо ва садҳо ҷавонони аз тоифаҳои бешарафу бенангу беномуси миллат, ки ному насаби онҳо дар расонаҳои хабарӣ ва намоишномаи «Хиёнат» бо суратҳояшон дарҷ гардидаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки афсус, ки чунин нохалафон, пастфишратҳо ва душманони дохилии Ватанамон вомехўранд. Онҳо бо чунин кирдорҳои ғайриинсонӣ яъне куштори бераҳмонаи шахсони барўманди миллат даст зада, ба халқу Ватан иснод овардаанд. Ин амали ваҳшиёнаи онҳо яъне хиёнат ба Ватан, хиёнат ба миллат, хиёнат ба падару модар нобахшиданист.

Хуни ноҳақ рехтӣ, эй хунхори беимон,

Не ту фарҳанг дорию не аҳлу имон.

Не, ту инсон нестӣ, балки зи ҳайвон бад тарӣ,

Қазои ту қатлу қисми сардат зеби сагон.

Бузургони илму адаб тоҷчику форс дар ситоиши чунин фосиқону хиёнаткрони Ватану миллат барҳақ андешаронӣ намудаанд:

Эй хоин дур бош, эй дўст ҳамвор,

Ки хоинро набошад дил ба як бор.

                                                    Н. Хусрав.

Аз хиёнат гарист бадномӣ,

В-аз бадӣ ҳаст, бесаранқомӣ.

                                                    Н. Ганқавӣ

Таи 29 соли Истиқлолияти давлатиамон, маҳз бо ташаббусҳо иқдомҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз як кишвари ғариб порча порчагардида ба як кишвари дорои тамаддуну фарҳанги воло, пешрафта ва ободу зебо табдил дода шуд.

Мо бояд аз ин дастовардҳои халқу миллати хеш шукрона намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри пешрафту оромию амният ва гулгулшукуфоии ин Ватани аҷдодиамон талош намоем.


скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.