http://balkhi.tj/
ДЕҲҚОНЗАНИ МУВАФФАҚ
21-10-2020, 14:06 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ДЕҲҚОНЗАНИ МУВАФФАҚ


       Имрӯз дар баробари мардон занону бонувон низ дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини  амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо дар соҳаи кишоварзӣ  таҷриба  андӯхта,хоҷагиҳои  деҳқонӣ таъсис дода, ба  муваффақият ноил гардидаанд. Яке аз чунин бонувони  кишоварз Анорхол Аллабердиева, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

        Анорхол Аллабердиева  аз зумраи  бонувони фаъоли ноҳия ба ҳисоб меравад.  Соли 1975Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқови ноҳияи Рӯдакиро хатм намуда, 44 сол ҳамчун китобдор фаъолият кардааст. Анорхол Аллабердиева  дарбаробари кор дар китобхона ҳамзамон ба пиллапарварӣ низ машғул буд ва яке аз беҳтарин пиллапарварони ноҳия маҳсуб меёбад. Номбурда соли 2000 аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ нақшаи пилласупориро иҷро намуда, аз 144 қуттии кирмак 14 тонна пилларо ба давлат супорид.  Ҳамин таҷрибаи калони ӯ боис гардид, ки  ӯ аз соли 1995  то соли 2020  бригадири пиллапарварони Ҷамоати деҳоти Маданияти  ноҳия  фаъолият намояд.  Фаъолияти чандинсолаи Анорхол Аллабердиева  бо   медалҳои«Собиқадори меҳнат»  (соли  1980), «Аълочии фарҳанг»    (соли 1998) ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадр карда шудааст.  Дар замони Шӯравӣ дар бораи ин зани меҳнатқарин чоп шудани мақолаҳо  дар рӯзномаҳои бонуфузи «Известия» ва «Правда»далели   фаъол ва соҳибтаҷриба будани ӯ мебошад. 

          Анорхол Аллабердиева, ки  дар деҳа  ба воя расидааст, бо аҳли оила ба кори саҳро машғул мешуданд.  Меҳри   замину заминдорӣ   дар дилиӯ   аз ҳамон  вақт  ҷо гирифта  буд.  Ҳаминмеҳр нисбат ба шуғли деҳқонӣ буд, ки ӯ соли 2009  Кооперативи тиҷоратии «Бектош-бобо»-ро ташкил дод ва то имрӯз  фаъолияти пурсамар дорад. КТ «Бектош-бобо» дар ихтиёри худ 60 гектар замин дорад, ки  28  гектараш заминҳои чарогоҳ  мебошад.Имсол аҳли заҳмати кооператив дар майдони 16 гектар пахта, 10 гектар ҷуворимаккаи дон, 6 гектар  шолӣ, гандум,  ҷуворимакка барои хӯроки чорво, харбузаву тарбуз  ва  дигарзироатҳоро   кишт  намуданд.Аз ҳисоби полезиҳо ҳосили хуб рӯёнида, ба ҷои он  дар киштикишти ҷуворимакка гузарониданд ваҳосили ҷуворимаккаро низ ҷамъоварӣ намуданд. Айни замон  ба дарави шолӣ машғул мебошанд. Тавре ки шоҳид шудем,  имсол аҳли заҳмат  ҳосилидилхоҳашонро  ба даст оварданд. Ҳосили  пахта ваҷуворимаккаву  шолӣ низ имсол фаровон аст.  

           Бояд  қайд кард, ки заҳматкашони кооперативи тиҷоратии «Бектош-бобо»  бо сарварии Анорхол Аллабердиева  ҳар сол аз уҳдаи дурнамои пахтасупорӣ сарбаландона мебароянд. Имсол низ онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки ба ҷои 32 тонна дурнамои истеҳсоли пахта 35 тонна «тиллои сафед»  бадаст оранд.  

           Албатта, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ саҳми ҳар як саҳмдори хоҷагӣ калон мебошад. Аз ин хотир, Анорхол Аллабердиева музди меҳнати саҳмдоронро сари вақт пардохт мекунад. Ҳамзамон барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоии онҳо қитъаи замин ҷудо намудааст, ки онҳо маҳсулоти лозимиашонро кишт карда, аз ин ҳисоб даромади иловагӣ мегиранд. 

          Саҳмдорони  кооперативитиҷоратии  «Бектош-бобо»  азм доранд,ки бо  пайдо шудани имконияти молиявӣ  дар як қисми  замини чарогоҳ гармхона барои лумупарварӣ ва боғҳои  ангур,  анор вабодом  бо  усулиобёрии  қатрагӣ   ташкилнамуда, баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд. 

   А.ШЕРМАТОВ


скачать dle 12.1
Просмотров: 157  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.