« Январь 2021 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |
Ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро раиси Шӯро, муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат оѓоз бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Юсуфзода Абдулло аз рӯи масъалаи «Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29. 09. 2017, №443 «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ–коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» гузориш дод.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо 1602 адад компютер, 176 адад принтер, 9 адад тахтаи электронӣ ва 17 адад видеопроектор таъмин мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорони фаннитехнологияи иттилоотӣ 76 нафар дорои маълумоти олӣ ва 11 нафари дигар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
Дар охири ҷаласа раиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Абдусаломзода Анзурат диққати аъзои Шӯроро ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт ҷалб намуда, баҳри ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳия доир шуд. Сармутахассис-котиби Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Барно Саидова қайд намуд, ки ба унвонии Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 85 муроҷиати хаттии гуногун мазмун, 5 адад парвандаи таъиноти судӣ, 45 адад мактуб ворид гардидааст. Дар давоми соли 2020 тибқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Иди байналмилалии Наврӯз ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба суратҳисоби ҳар як ятими кулл ва нимятим 200 сомонӣ ҷамъба маблаѓи 10000 сомонӣ пардохт карда шуда ва ба кӯдакони маъюб дар ноҳия кумакҳои моддӣ ва пулӣ расонида шудааст.
Инчунин санаи 22 сентябри соли равон 21 нафар кӯдакони ятими кулл ба зиёфати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар даъват гардида, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз қабили 1500 сомонӣ, сару либосизи мистона, шиму костюм, пойафзол ва шириниҳои гуногун тақдим карда шуд.
Дар ин давра бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиѓон, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиѓон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 28 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба волидон ва фарзандони онҳо фаҳмонида шуд.
Муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат зимни суханронии худ андешаҳояшро доир ба ин масъала баён намуда,ба шахсони масъул ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт дастур дод.
Абдухолиқ РозиҚов