Календар
«    Февраль 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
?????? ??? 7??? ??? ?? ?? .
http://balkhi.tj/
ПАЁМ-ПАЙКЕ АЗ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
5-02-2021, 14:20 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Паём-пайке аз ояндаи дурахшон

   Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар Паёми имсола ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд, истифодаи самараноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва зиёда ҳосил мебошад. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, аз имрӣз ба рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус, бунёди боғҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифати тамоми зироатҳо, гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз истифода берунмонда тадбирҳои амалӣ андешида, ба фаровонҳосилии заминҳои ҳосилдиҳанда шароит фароҳам менамояд. 

   Дар ноҳия дар соли 2020 ҷиҳати амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар майдони 22503 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 430 га зиёд аст. Бо истифода аз тамоми имконият кишоварзони ноҳия соли гузашта 38299 тонна ғалладонагиҳо, 19823 тонна пахта, 10828 тонна картошка, 85169 тонна сабзавот, 34705 тонна полезӣ, 11522 тонна мева ва 8453 тонна ангур истеҳсол намуда, бозорҳои дохилӣ ва нақшаи содироти маҳсулоти соҳаро таъмин намуданд. Ҳамасола ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир тадбирҳои муҳим андешида шуда, дар ду соли охир 87 га заминҳои бекорхобида мавриди истифода қарор гирифтанд. 

    Дар ноҳия истеҳсоли маҳсулоти чорво низ афзоиш ёфта, соли 2020 истеҳсоли гӣшт 8141 тонна, шир 34361 тонна, тухм 8 млн. 507 ҳазор дона, пашм 297 тонна, пилла 34 тонна, асал 38 тонна ва моҳӣ 25 тонна таъмин шуд, ки сарчашмаи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ноҳия аст.  

   Масъалаи дигари мавриди таваҷчуҳ дар доираи амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати мамлакат таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ гардид. Дар соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи саноат ба 182 млн. 179 ҳазор сомонӣ баробар гардида, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 26 адад расид, ки ин омил ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. 

   Таваҷчуҳи хоссаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, дар ин замина сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъиноти гуногун ва вусъати корҳои созандагию бунёдкориро дар ҳар як шаҳру ноҳия дастур доданд. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мақсади сазовор истиқбол намудани ин ҷашни ифтихорӣ 315 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, зиёда аз 70% ба истифода дода шудааст ва аксари онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. 

   Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ ба рушди самтҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Аз моҳи сентябри соли равон баланд гардидани нафақаи кӣдакони маъюби то синни 18-сола, таваҷҷуҳ ба масъалаҳои баланд бардоштани донишу маърифати ҷавонону наврасон ба воситаи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӣғи маърифат” ва “Фурӣғи субҳи доноӣ китоб аст” таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба хондану азхуд кардани осори ғании шоирони классик ва муосири тоҷик зиёд намуда, дар соли 2020 дар номинатсияҳои гуногуни даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӣғи субҳи доноӣ китоб аст” 5 нафар омӣзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат намуда, 1 нафар дар номинатсияи шоирӣ ҷои 3-юмро ба даст овард. 

   Ҳамзамон соли 2020 дар муассисаҳои таълимии ноҳия сохтмони 3 бинои иловагӣ ва 77 синфхона бо 1848 ҷои нишаст оғоз гардид, ки то соли хониши нав ба истифода дода мешаванд.

   Дар Паёми имсола аз вазъи ногувори паҳншавии бемории сироятии covid-19 дар соли 2020 қайд карда шуда, ба ҳифзи сиҳатии омма ва эмин нигоҳ доштани мардум аз ин сироят таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соли 2020 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъмиру азнавсозии бинои шуъбаи бемориҳои сироятӣ бо 50 кат оғоз карда шуд. Ҳамзамон сохтмони бинои алоҳидаи шуъбаи таваллуд идома дошта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӣдакро беҳтар хоҳад кард. 

   Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия самтҳои кор бо занону бонувон, кор бо ҷавонон ва варзиш ва рушди соҳаи сайёҳиро яке аз масъалаҳои асосӣ ва мубрам дар фаъолияти худ қарор дода, ба тарбияи фитрию зеҳнии ҷавонону наврасон, ташкили инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар деҳот, рушди ҳунармандӣ ва дар ин замина ташкили курсҳои омӣзишӣ дар деҳот диққати махсус зоҳир намуда, ҳунарҳои милливу аҷдодиро эҳё менамояд.

  Дар ду соли охир шумораи хонандагоне, ки ба воситаи Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар дохил мешаванд, аз 35% ба 53% расонида, соли гузашта бо мақсади ташаккули тафаккури насли наврас бо иштироки ғолибон ва довталабони озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар ноҳия зиёда аз 360 чорабиниҳои интеллектуалӣ доир гардида, донишу таҷрибаи ғолибони озмунҳо ба дигар хонандагони муассисаҳои таълимӣ муаррифӣ карда шуд. 

   Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани нуқтаи дигари Паёми имсола амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» пайваста корбарӣ намуда, ба масъалаҳои тарбияи насли босаводу андешаманд ва камхарҷ баргузор намудани тӣю маъракаҳо тадбирҳои доимӣ меандешад. 

Мо, занону бонувони масъул дар вазифаҳои роҳбарии хизмати давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддни Балхӣ, аз таваҷчуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар самти дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии занону бонувон ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои масъули давлатӣ қаноатмандии худро изҳор намуда, дастовардҳои ватани азизу маҳбуб - Тоҷикистони соҳибистиқлолро натиҷаи заҳматҳои шабонарӣзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоем. 

   Дар таҳкими оиладорӣ ва тарбияи фарзандони шарафманду ободкор иродаи мо, занону бонувон, устувору қавӣ аст ва ҳар яки мо вазифадорем, ки бобати истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи мақсадноки қувваи барқ ва ободии хонаву дари худ боз ҳам аҳлона заҳмат кашем, ҳар як иқдоми арзишманди Пешвои миллатро қадр намоем ва ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда намоем. 
скачать dle 12.1
Просмотров: 23  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.