http://balkhi.tj/
Дар партави ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ
6-07-2021, 11:53 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Президент Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. 

     Ин абармарди миллат, забардаст, тоҷдор ва Пешвои миллат буд, ки бо нерӯи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш тавонист миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ҳар сухану қадами Пешвои азизи миллат лоиқи пайравистБо хислатҳои наҷиби инсондӯстонааш, бо корнамоиҳои бемислаш, дар ғаму шодии мардуми кишвар шарик буданаш, дар дилу дидаи ҳамагон ҷой гирифтаастто ҳаддеки як  дидору як суҳбати бо ӯ - азизи халқ зиёд ифтихормандат мекунадДар ҳар қадамаш гул-гулшукуфоӣзебоӣ ва ободӣ дида мешавадҲар қадамгоҳу нишастгоҳи Пешвои халқпарвар барои яко-якамон азиз дониста мешавад.

     Баръало эҳсос намудани ин ҳама барои ман ду сол пеш иқбол насиб гашту ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба семинар даъват гардидем. 

      Дар рафти семинар, аз муассисаи таълимии миёнаи умумие, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсил намудаанд, дидан намудем. Дар мизу курсӣ, яъне дар партае, ки Ҷаноби Олӣ 10 сол таҳсил намудаанд, нишастему аксбардорӣ намудем… 

      Раҳи хидмати давлатиро баъд аз хатми донишгоҳ пеша карда, инак 15 сол мешавад, ки фаъолият менамоям. Ҳамеша дар партави амалҳои Ҷаноби Олӣ, ҳидоятҳои ӯ баҳри волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, худшиносии миллӣ, донистану арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва забони тоҷикӣ, ободониву созандагӣ, муқаддас донистани Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ равонааму кӯшиш менамоям заррае бошад дар ободии ин диёри зебоманзару биҳиштосо саҳмгузор бошам.

      Бо нишастан дар ин парта, ба ворид шудан ба ин ҷойгоҳи муқаддас, ки фарзанди фарзонаи миллат, ободкору созишкори ин давлат, раҳбари ҳадафҳои бузурги саноативу озуқаворӣ, коммуникатсиониву энергетикӣ, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷиконро таълим додааст, маро як эҳсоси саодати бузургу оромишу осоиш фаро гирифт. Аксҳои синфхона, дафтару маҷаллаи синфӣ, дигар ашё худ бозгӯ аз онанд, ки ин даргоҳи маърифату илм, олами кӯдакиву ҷавонӣ, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёт инсонро танҳо ба роҳи нек мебарад. 

     Дигар итминони ман то абад қавӣ ва мукаммал гашт ва даъват менамоям, ки дар партави амалҳои неку созанда, таълиму тарбияи воло, азму ҳиммат ва ташаббуси хайрхоҳона, дастгирии беназири ятимону маъюбон, касб намудани сиёсати бисёрҷанба дар саҳнаи муносибатҳои байналхалқӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки танҳо баҳри пешравию тараққиёт, сулҳу осоиштагӣ, тинҷиву оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ояндаи дурахшони насли наврас равона аст, ҳар як хурду бузурги ин давлат мақсади асосии кору фаъолияти зиндагии хеш гузорад. 

         Давлати мо - Тоҷикистон яке пешрафтатарин давлатҳо дар дунё мегардад. 

      ...Дар ду рӯзе, ки семинар тӯл кашид, инчунин аз боғу гулгашт ва дигар мавзеъҳои ҷолибу    фарҳангии Данғара, иншоотҳои зебо дидан намудему аз таомҳои болаззати чойхонаи Хуррамшаҳр баҳра бурдем. Данғара рӯз ба рӯз рушд мекунад, мешукуфад, воқеан диданӣ гардидааст, ба мисли Душанбе, Ҷайҳун, Балҷувон, Хоруғ, Ҳуҷанду Панҷакенту Турсунзода, ба мисли тамоми дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар фазои Истиқлолият ва Ваҳдати сартосарии Тоҷикистон.  

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз! 

Эраҷ Латиф,

мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

скачать dle 12.1
Просмотров: 53  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.