http://balkhi.tj/
ЗАНИ ҲУНАРМАНД
6-09-2021, 05:19 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Холаи Саймоҳи 63 - сола, ки соҳиби фарзанду келину набераҳост, ҳар рӯз субҳи солеҳ намози бомдодро хонда аввал як бор ба замини назди ҳавлигиаш даромада ҳузуру ҳаловат мебарад. Масоҳати ҳавлиаш 15 сотих буда ҳар гуна дарахтони сояафкан, арча ва зиёда аз 10 намуд гулҳои ранго-ранг, 15 намуд дарахтони мевадиҳанда: шафтолу, олу, бодом, ангур, себу нок дорад. Ҳар сол бо ҳамроҳи келину набераҳо зиёда аз 100 қуттӣ (банка) барои зимистон маҳкам менамоянд. 

      Инчунин, барои захираи худашон гандум, лӯбиё, мош, картошка, нахуд ҷамъ карда мемонад. Устодаш бошад, шавҳари худаш марҳум Каримов Абдулҳамид мебошад. 

      Аз шаҳсутуни хонадон баробари деҳқонӣ сиру асрори китобдориро ёд гирифтааст. Худаш даҳҳо шогирд тайёр кардааст. Дар касби худаш китобдори қаҳрамони мо Назирова Саймоҳ 39 сол мешавад, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №33 мудири китобхона шуда кор карда истодааст. Китобхона дорои 7 ҳазор китоби дарсӣ ва китобҳои бадеист. 

     Хонандагони доимӣ 650 нафар талаба ва 20 нафар омӯзгор мебошанд. Пайваста дар китобхона озмунҳо мегузаронанд. Яке аз онҳо озмуни «Биё бо ҳам мехонем» мебошад. Дар хонааш низ китобхонаи шахсии худро дорад, ки дар он зиёда аз 500 адад китоб мавҷуд аст. Аз шумораи хонандагони китобхона 2 нафар маъюб низ мебошанд, ки Саймоҳхола барои мутолиа онҳоро дастгирӣ мекунад, барояшон китоб оварда медиҳад. Дар китобхонаи шахсӣ асосан хонандагон пиронсолон, нафақахӯрон, маъюбон саргарми мутолиа мебошанд. Бо онҳо суҳбатҳои шавқовар мегузаронад. 

     Саймоҳхола 19 сол аз фанни таърих ва меҳнат ба шогирдони муассисаи зикршуда сабақ додааст. шогирдонаш хеле зиёданд. Назирова Саймоҳ кадбонуи хуби хонадон низ мебошад. Таомҳои қадимӣ ба монанди умоч, рубич, таҳмол, ҳалво, шакароб ва қурутобро ба дараҷаи олӣ тайёр карда метавонад. Дар соҳаи дузандагӣ, яъне чакандӯзӣ, кӯрпадӯзӣ ва дигар навъҳои чеварӣ устод асту шогирдон ҳам дорад. 

       Дар якчанд озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштирок карда ҷойҳои сазоворро соҳиб шудааст. 

     Саймоҳ Назирова дорандаи медали «Аълочии фарҳанг» мебошад. Дар соҳаи санъат ҳам то имрӯз ҳиссагузорӣ карда истодааст. Аз уҳдаи сурудхонию рақс бо сарбаландӣ мебарояд. Дар фестивалҳои ҷамоат ва ноҳия доимо бо шогирдонаш иштирок мекунад. Хизматҳояш аз тарафи мамлакат бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.


А. Шерматов
скачать dle 12.1
Просмотров: 41  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.