http://balkhi.tj/
Баргузории паради ҳарбӣ дар ноҳия
7-09-2021, 14:11 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо теъдоди 1900 нафар бо либосҳои низомӣ паради ҳарбӣ бо иштироки ҳайати захираи сафарбарӣ баргузор гардид.

      Қабл аз оғози паради ҳарбӣ раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам  Убайдуллои Файзулло баромад намуда қайд намуданд, ки паради ҳарбӣ маъракаи сиёсӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, омодагии сафарбарии ҷавонон барои ҳимояи Ватан, ягонагӣ ва иттиҳодӣ, муҳаббату самимият нисбат ба миллат, давлату сарзамини аҷдодӣ ташкил гардидааст.

      Инчунин рафти паради ҳарбӣ тавассути шабакаҳои телевизионию радиоӣ ва иҷтимоӣ инъикос ва дар рӯзномаю маҷаллаҳо нашр карда  шуд. 










скачать dle 12.1
Просмотров: 39  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.