http://balkhi.tj/
ҲИМОЯИ ЗАБОН ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ
5-10-2021, 14:38 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     «Забони давлатиро бояд  бар пояи меъёрҳои адабӣ устувор сохтаонро аз ҳама гуна қолабҳои сунъии бегона ва унсурҳои лаҳҷавӣ озод кардан лозим аст.  Дар робита бо интаъкид месозамки инкишофи устувори забонро танҳо дар асоси риояи қоидаҳо ва қонуниятҳои меъёрӣ ва таърихии он таъмин кардан мумкин аст»

                                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

      Забон муњимтарин воситаи алоќаи байни одамон ба ҳисоб меравад. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда,  ташаккул ёфтаанд ва зуӽури ӽарду ӽам бо меӽнат алоқамандӣ дорадМеҳру муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи ватандӯстӣ аст ва шахсеки забонро поймол мекунад ў ба он ҳурмат надорад ва нисбат ба он дағалӣ кардаба халқу Ватан эҳтирому арҷгузорӣ надорад.

       Ба ин хотир 22 июли соли 1989 дар Иљлосияи Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Ќонуни забони тољикї (форсї)»ќабул карда шудТибќи ќонун забони тољикї дар Љумњурї маќоми давлатиро гирифта, аз соли 1989 то соли 2009 дар Љумњурї22 июлњамчун «Рўзи забон» љашн гирифта мешуд. Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон бо маќсади минбаъд такмил додани Ќонунгузории љорї Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон”-ро 5 октябри соли 2009 ќабул карда,  баъд аз имзои Президенти Љумњурии Тољикистон ќонуни мазкур ба амал даромад. Ва дар он омадааст, ки ҳамаи миллат ва халқиятҳое,ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ба истифодаи озоди забонашон ҳуқуқ  доранд.

      Имрӯззабони тоҷикӣ дар ӽимояи давлат қарор доштамуҳимтарин рукни давлатдорӣ маӽсуб меёбадҒамхорӣ ва ӽифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ӽар фарди соӽибдилу соӽибфазл астЭҳтирому арҷгузорӣ ба забон ин пеш аз ҳама эҳтиром ба модари азиз аст:

“Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем”.

    Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяндки «Мо агар қадру манзалати Ватанмиллат ва забони худро ба таври амиқ дарк насоземзарурати густариши худшиносию худогоҳӣтаҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти Тоҷикистонро пайваста таъкид накунемамнияти миллӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангиро таъмин карда наметавонем».

   Мо насли имрӯз бояд ба таъкиду ишораҳои ҳикматонаи Пешвои муаззами миллат гӯши ҷон додазиракию сиёсиро дучанд намудаманфиатҳои миллию давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ боло донистасиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар ҳамаи соҳаҳоаз ҷумладар соҳаи забон ҳамаҷониба дастгирӣ намудазабонро аз таҳдиду хатарҳои имрӯзу фардо ҳифз намоем.

      

  Љ. Валиевсармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,

  Матлубаи Н, омӯзгори фанни забон ва адабиёти МТМУ №27

скачать dle 12.1
Просмотров: 15  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.