НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МАҚОМОТ ДАР ПАҲЛУИ МАРДУМ: УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ДАР АМАЛ
апрель 28 2025

МАҚОМОТ ДАР ПАҲЛУИ МАРДУМ: УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ДАР АМАЛ

                             МАҚОМОТ ДАР ПАҲЛУИ МАРДУМ: УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ДАР АМАЛ

24 апрел - имрӯз дар деҳаҳои Шӯрзамин, Ангурзор ва Явондеҳи Ҷамоати деҳоти Навоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯриҳо дар доираи усули “Деҳа ба деҳа” баргузор гардиданд. Дар ин рӯз бахши кор бо занон ва оила, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, инчунин намояндагони ҷамоати деҳоти Навоӣ иштирок намуданд.

Мақсади аслии вохӯриҳо баррасии мушкилоти мавҷудаи сокинон, расонидани маълумот оид ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ, ҳамзамон, фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар самтҳои мухталиф буд. Намояндагони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба аҳолӣ шарҳ доданд, ки чӣ гуна метавон асноди муҳими шахсиро ба қайд гирифт ва аз мушкилоти ҳуҷҷатгузорӣ ҷилавгирӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ имкониятҳои мавҷударо барои фарогирии бекорон ба омӯзишҳои касбӣ ва шуғли расмӣ шарҳ дода, сокинонро ба истифодаи ин фурсатҳо ташвиқ намуд. Ҳамзамон, бахши кор бо занон ва оила ба масоили марбут ба фаъолияти иҷтимоии занон, ташкили гурӯҳҳои занона ва рушди соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Тавассути чунин мулоқотҳо роҳбарияти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор метавонанд дар сатҳи деҳаҳо бо мушкилоти воқеии мардум аз наздик шинос шаванд ва барои ҳалли онҳо чораҳои амалӣ андешанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 28 апрель 2025 14:18
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 40
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30