“ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ МАРГОВАР”

    Таҳти ҳамин унвон рӯзи 19 июли соли 2024 дар толори беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода Искандар, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Мирзоев Рустам, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ доир гардид. 

БАРГУЗОРИИ СИТОД ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Пайёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. 

                              КУМАК БА ЗАРАРДИДАГОН АЗ ОФАТИ ТАБИӢ

    Офатҳои табиӣ ҳодисаҳое мебошанд, ки бидуни дахолати инсон рух медиҳанд, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамасола офатҳои табиии гуногун дар ҳудуди Тоҷикистон рух медиҳанд. Дар ҳама ҳолат роҳбарияти кишвар ва масъулин пайваста кӯшиш менамоянд, ки кумаку дастгирии худро ба зарардидагон расонанд.

                               ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

    Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ба баррасии маҷлиси имрӯза як масъала: ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 пешниҳод мегардад. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар баромади худ оид ба самти кишоварзӣ қайд намуд, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти аҳолии қобили меҳнат ба соҳаи мазкур шуғл варзида, асоси ғанигардонии буҷет аз соҳаи мазкур сарчашма мегирад. 

ИТТИЛОИЯ

оид ба баргузории иҷлосияи бистучоруми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум. Рўзи 9 июли соли 2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иҷлосияи бистучоруми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, даъвати шашум бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Дар он ду масъала: тағйир додани номи баъзе кӯчаҳои шаҳраки Балх ва масъалаҳои кадрӣ баррасӣ гардида, қарорҳо қабул карда шуданд. Хамин тарик, номи кӯчаҳои зерини шаҳраки Балх тағйир дода шуданд: 1. Гогол ба номи Аҳмади Дониш; 2. Қазоқон ба номи Соҳилӣ; 3. 1-уми май ба номи Рӯдакӣ; 4. Калинин ба номи Спитамен; 5. Румӣ ба номи Исмоил Сомонӣ; 6. Туғаланг ба номи Убайдуллои Файзулло.

                                 БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ОБОДОНӢ

   Рӯзи 6 июли соли 2024 ҷиҳати иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни "Беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ" ва амалишавии Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, дар тамоми қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ аз тарафи кормандони ташкилоту муассиса, идораву корхона, сокинони шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таври оммавӣ ба ҳашари ободонӣ баромада, назди биноҳои корӣ, хонаҳои истиқоматӣ корҳои тозагӣ амалӣ карда шуда, дар шоҳроҳи байналмилалӣ қад-қади роҳҳо аз алафҳои бегона тоза карда шуд.

 

           ВОХӮРИИ СУДБАХШ БАРГУЗОР ГАРДИД

   Санаи 4 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи саноату сохтмон Эшбуризода Баҳриддин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва имомхатибон вохӯрии судбахш баргузор гардид. Дар оғоз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Бобохонзода Рустам оид ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки 28 декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, ки ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон кишвари ҳуқуқбунёд буда, ҳадафи аслии давлат ва Ҳукумати кишвар таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқи шаҳрвандон ва бунёди ҷомеаи қонунсолор мебошад. 

                                 ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

     Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 то санаи 1 июн омодагиҳо ба роҳ монда шуда, дар ин бобат бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024, №4 корҳои амалиро роҳандозӣ намудаанд. Тибқи иттилои мушовири шуъбаи маориф Тоҷибой Бозоров дар 14 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 350-нафар кӯдак, дар ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ 50 - нафар, дар умум 400 - нафар дар даври якум ба истироҳати тобистона ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 3460-нафар хонанда ба таври ройгон ба фароғати таълимӣ фаро гирифта шудаанд. 

                    МУОИНАИ ТИББӢ БА ТАВРИ РОЙГОН

  Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкории муваффақона дорад. Хушбахтона, бо дастгирии онҳо дар тамоми соҳаҳо садҳо лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Дар ин замина, бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кумаки тиббии ройгон филиали ширкати шоҳигарии норвегии «Нормека Интернешнл АС» барои татбиқи Барномаи «Фаёл Хайр» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ амал карда истодааст. Ба иттилои намояндаи клиникаи сайёр, табиб-Алишер Низомов ҳамарӯза беморонро ба таври ройгон муоина мекунанд. Клиникаи сайёр бо барномаи махсус фаъолият намуда, аз тарафи фонди хайриявии «Шоҳ Абдуллоҳ» сармоягузорӣ мешавад. 

                              ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ ПОКИСТОН

   Санаи 27 июни соли ҷорӣ як гурӯҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Покистон бо роҳбарии Файсал Карим Кундӣ – губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд, ки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музафар онҳоро ҳамроҳӣ намуд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Нахуст онҳо дар Ҷамоати деҳоти Навобод аз ширкати истеҳсолии «Шит Муҳиддин» ва боғи меваҳо, ки дар майдони 15,99 гектар бунёд гардидааст, дидан намуданд. Қайд гардид, ки дар боғи мазкур чор навъи мева, аз ҷумла олу, олуча, олуи Америкоӣ ва олуи Эронӣ парвариш карда мешавад. Дар идома онҳо ба Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия низ ташриф оварда, аз хоҷагии деҳқонии «Мурод» дидан карданд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Январь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031