РӮЗИ ОИЛА ДАР НОҲИЯ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД.

     Дар толори Чойхонаи «Шамсулло» рӯзи 15 майи соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила баргузор гардид. Дар оғоз масъулин аз ҳунарҳои мардумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни баромадаш иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи оила муборакбод гуфта, қайд кард, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад. Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".

           МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН   

     Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Умаралӣ Абиров аз зумраи деҳқонони ҷавони меҳнатдӯсти деҳаи Зарзамини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда дар замини наздиҳавлигияш, ки 30 сотихро ташкил менамояд, як гармхонаи дарозиаш 40 ва паҳнояш 7 метрро ташкил намуда, дар он парвариши дарахти лимӯ, помидор, бодиринг, лубиё, занҷабил, қаланфури булғорӣ ва кабудиҳоро ба роҳ мондааст. Ин деҳқони ҷавон инчунин дар заминҳои боқимондаи наздиҳавлигӣ маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза низ шинонидааст, ки аз хисоби ҳосили ба даст овардаи хеш зиндагиашро таъмин менамояд. 

       БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД

     Санаи 14 майи соли 2024 дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Беморхонаи марказӣ, ҲХДТ дар ноҳия ва дигар ташкилоту идораҳо ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он 80 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Дар чорабинии зикргардида ба 15 нафар шаҳрвандони бекор ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия тавсиянома дода шуд, ки аз ин микдор 14 нафарашон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

  

                                                              СУРАТГУЗОРИШ

   Санаи 14 май соли 2024 дар толори меҳмонхонаи Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи оила аз тарафи фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарони ташкилоти ҷамъияти бонувони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун ва Қубодиён барои иштироки фаъолона дар лоиҳаи ''Посухдиҳӣ ба хушунати гендерӣ, тавассути вусъатдиҳии иштироки иқтисодӣ ва шаҳрвандии занон'', саҳми арзанда дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шароити хона Сертификат тақдим карда шуд.

 

                  АМАЛИ ХУНСУПОРӢ - БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

  Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб хунсупорӣ ба саломатии инсон фоидаовар буда, он бемориҳои системаи рагҳои хунгард, сактаи майнаи сарро пешгирӣ намуда, системаи иммунитети шахсро мустаҳкам менамояд. Тарғибу ташвиқи кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат намудааст, ки имрӯз сокинони кишвар аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият барои адои қарзи инсонии худ ба хунсупорӣ мераванд. Дар ин замина санаи 13 майи соли 2024 дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи хунсупорӣ бо иштироки фаъолонаи кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар маъракаи хунсупорӣ 120 нафар иштирок намуда, бо мақсади наҷоти беморон хун супориданд. Ин амал барои беҳдошти саломатии мардум ва муайян намудани вазъи саломатии онҳо аҳамияти калон дорад.

 

 

 

 

 

 

                                    ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

    Рӯзи 8 майи соли 2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар назди муҷассамаи Модари маҳзун ва нимпайкараҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, ки дар Боғи фарҳанги ба номи Умар Хайём ҷойгиранд, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидон гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. 

ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ    

    Собиқадорони ҷангу меҳнат беҳтарин солҳои умри худро ба озодию ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшиданд. Дар навбати худ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ истодааст, аз ҷумла нигоҳ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувор намудани Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст. 

     МАҶЛИС ОИД БА БАРРАСИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ  НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

  Рӯзи 3 майи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, масъулини кумита, намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ маҷлис оид ба баррасии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Ҳамчунин дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаҳои маҳалла иштирок доштанд. 

 ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешбурди соҳа эътибори хоса зоҳир гашта истодааст. Кирмакпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол 1000 қуттӣ кирмакро ба хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси шартномаи тарафҳо тақсим намуданд. Нақшаи дурнамо дар ноҳия 35 тонна буда, мувофиқи нақша ҳамаи хоҷагиҳои кирмакпарвар бояд аз ҳар қуттӣ 35 килогӣ пилла супоранд. Вобаста ба ин, санаи 3-юми майи соли 2024 дар идораи пиллаи ноҳия маъракаи пилласупорӣ оғоз гардид, ки дар он аввалин шуда кирмакпарварони хоҷагии деҳқонии Ниёзмуҳаммад Бегов, Сафар Ҷумаев, Ҷамоати деҳоти Маданият, Ҷамоати деҳоти Навоӣ ва Ҷамоати шаҳраки Гулистон пиллаи хушсифати худро супориданд.

                          БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ НАМУНАВӢ»

    Дар толори Чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 4 майи соли ҷорӣ бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар намояндагон даври вилоятии озмуни «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани масъуляти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ ва рӯзгордории оилаҳо, солим устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесаробон мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонӣ, омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Октябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 

Серхонанда