-->
 

                            МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ - БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН

         Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, зӯроварӣ, хариду фурӯши инсон, рафти иҷрои қонунҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо иштироки Барно Саидова - сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷавоҳир Риоева - сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Хайринисо Қаҳорова-сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Золи Зар ва Навоӣ байни волидайн, омӯзгорон ва хонандагон вохӯрии судманд доир карда шуд. 

 ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА   ДОРАД.

    Санаи 17 октябри соли 2023 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Золи Зар Баротзода Фаридун аз вазъи сохтмон, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Золи Зар дидан намуданд. Ҳангоми шиносоӣ сохтмончиён иброз доштанд, ки корҳо тибқи нақша идомаёфта, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №№23,24,28 то ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд. Дар натиҷаи боздиди муассисаҳои таълимӣ бо фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни суханрониашон раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуданд. Инчунин ба масъулин ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта ва ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани таъмиру сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дода шуд. Сипас ба як қатор шахсоне, ки дар сохтмонҳои муассисаҳои таълимӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд, Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тақдим карда шуд.

 13 ОКТЯБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ         ТАБИӢ

      Санаи 13 октябр соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабаева, афсари Бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия Суҳроб Одинаев, мушовири шуьбаи маориф Ҳомидҷон Намозов, мураббии бозиҳои шоҳмот Одилҷон Солиев, муовини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Умарзода Миралӣ, хонандагони муассиса ва дигар намояндагони муассисаҳо чорабинӣ оид ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ баргузор гардид. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ равона шудаанд.

          

                               ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

    Аз овони хурдӣ то давраи пиронсолӣ ҳаёти инсон бо забон алоқаманд мебошад. Тифл сухан гуфта наметавонад, вале ӯ садои аллаи модар, инчунин нақли афсонаи бибияшро дарк намуда, гӯш медиҳад. Ҳама корҳое, ки мову шумо дар рӯйи замин анҷом медиҳем, ин ҳама бо воситаи забон ба вуқуъ мепайвандад. Забон воситаи муоширати инсон дар ҷамеа аст. Дар баробари ташаккулёбии ҷомеа забон низ ташаккул меёбад. Бе донистани забон, илм, техника, касбу ҳунарҳо ва умуман, пешрафти фарҳанги башарият ғайри имкон аст. Дар баробари донистани забон, ҳар як соҳибзабон бояд маънои луғавии онро хуб дарк намуда, ҳангоми истифодабарӣ қоидаҳои имлои забони давлатиро риоя намояд. Воқеан ҳам, бузургии забон ҳамин аст, ки мо имрӯз халқи тоҷик забони бузурги худро дорем ва олимону мутуфаккирони машҳурамон ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ дар эҷодиёташон нишон додаанд, ки миллату забони мо фарҳангӣ буда, дар ҳама ҳолат ҳувияти илмиву адабии худро нигаҳ медорад. 

 САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ   БАЛХӢ

      Санаи 3 октябри соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷумла ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноташон гуногун иштирок ва аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дидан намуданд. Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамроҳӣ карданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва Маркази саломатии хусусӣ иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир шудаст. 

ХИЗМАТ БА ВАТАН НОМУС ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ    Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар як муддати кӯтоҳ рушду такомул ёфта, аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст. Аз ҳамин сабаб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф, номус ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди содиқи Ватан ба ҳисоб меравад. Дар ин росто санаи 2 октябри соли 2023 бахшида ба рӯзи аввали мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 100 нафар ҷавонони шуҷои Ватан ихтиёран ба Комисcариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. 

ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР

         Ватанпарастӣ яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи бойи аз гузаштагони худ меросмондаро парвариш намоем. Агар мо ба гузашта назар афканем, бо ҳамон шахсоне, ки сарбаландона аз хизмат баргаштаанд, аз он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Ватандӯстоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, муносибат, муомила ва назари онҳо тағир ёфта, дар зиндагӣ ин гуна ҷавонон ботаҳаммул, масъул дар оила ва наҷотбахши мушкилотњои пешомадаи њаёт мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад”. Имрӯз мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, дорандаи сулҳи пойдор ва биҳиштосо умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз таърихи гузаштагони худ ҳамеша ёдовар шавад.

САНГАЛИЗОДА ҚУМРИНИССО ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ЭЪТИРОФ ГАРДИД

           Санаи 29 сентябри соли 2023 зимни баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даъвати шашум ваколати вакилии Сангализода Қумриниссо-муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ эътироф гардид. Ба Сангализода Қумриниссо дар иҷрои масъулияти нав барору пирӯзиҳо таманно намуда, итминон дорем, ки таҷрибаи касбӣ, нерӯ, истеъдоди роҳбарӣ ва маҳорати ташкилотчигии ӯ имкон медиҳад, ки дар ин самти масъулиятнок низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

      Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Ҷавононро мебояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Ҳаминро қайд мебояд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа зиндагии осудаи наслҳои оянда баҳри ҳар як ватандор қарзи фарзандӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳимояи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Алҳол, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хизмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. 

ЧОРАБИНӢБАХШИДАБА«РӮЗИРӮДАКӢ» «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем». Эмомалӣ Раҳмон.

    Рӯзи 20 сентябри соли 2023 дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, методисти китобхонаи марказӣ Лутфинисо Азизова, китобдорони филиалҳо, хонандагони китобхонаи марказӣ ва бачагона чорабинии фарҳангӣ - маърифатӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвони «Ҷаҳон аз Рӯдакӣ мешавад сар» баргузор гардид. Инчунин дар толор гӯшаи намоиши китобӣ, маълумотномаҳои библиографӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ - қофиласолори шеъри ҳикматӣ» ташкил намуда, ба марази умум гузошта шуда буд. Зикр гардид, ки устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ки ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, нигоҳи тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ карда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Сипас, китобдорони филиалҳо оид ба маънавиёт суханронӣ намуда, хонандагони китобхонаи марказӣ ва бачагонаи ноҳия порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд.

Навиди Балх

 

 

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Март 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031