ХОҶАГИИ НИЁЗМУҲАММАД БЕГОВ НАҚШАИ ПАХТАРО ИҶРО КАРД.
Пахта яке аз маҳсулотҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, саҳми он дар рушди саноат бузург мебошад. Кишт намудани «тиллои сафед» барои деҳқонону кишоварзон муфид аст. Ин аст, ки заҳматкашони хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегови Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи солонаи пахтаро иҷро карданд. Тибқи иттилои раиси хоҷагии мазкур Баротов Умар нақша имсол 2 ҳазору 98 тонна буда, онҳо то имрӯз 2 ҳазору 100 тонна, яъне барзиёд иҷро намуданд. То инҷониб чиниши пахта идома дорад. - Панҷ нафар занони фаъол ва нафақахӯри хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов Искандарова Файзинисои 71-сола, Қурбонова Тағайгули 67- сола, Абдулҳаева Малоҳати 71- сола, Нураева Зулфияи 64- сола ва Абдулҳаева Розияи 41 - сола дар ҷамъоварии ҳосили пахта саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд, - хоса қайд намуд раиси хоҷагӣ Баротов Умар.