НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » МАҶЛИС ОИД БА БАРРАСИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ.
май 06 2024

МАҶЛИС ОИД БА БАРРАСИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ.

    МАҶЛИС ОИД БА БАРРАСИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Рӯзи 3 майи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, масъулини кумита, намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ маҷлис оид ба баррасии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Ҳамчунин дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаҳои маҳалла иштирок доштанд. Масъулин оид ба самтҳои соҳаи саноат, кишоварзӣ соҳибкории хурду миёна, манзил ва сохтмон, сайёҳӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, таъминот бо оби ошомиданӣ, манзилию коммуналӣ, таъминот бо барқ, нақлиёт ва роҳ, алоқа ва иттилоот, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои барнома суханронӣ намуда, оид ба барномаи зикршуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мақсади асосии барномаи мазкур ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шуда, тавассути истифодаи самараноки иқтидору захираҳо, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда мешавад.

 

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар
24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
24 апрель 2023
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДОИР ГАРДИД Санаи 19 апрели соли

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30