ЗАНОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
Рӯзи 4 феврали соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши занону ҷавондухтарон таҳти унвони "Занон дар меҳвари Паём" баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва занони фаъоли ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок карданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки нақши занон дар рушди босуботи кишвар ва татбиқи сиёсати давлат сол то сол бузург арзёбї мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон ба нерӯи занон эътимоди калон дорад ва иштироки онҳоро дар зинаҳои гуногуни идоракунӣ зарур ва њатмї меҳисобад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зимни суханронии худ зикр кард, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон дар давоми седаҳсолаи Истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва дар ин раванд саҳми занони кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон назаррас дониста мешавад.
Муовини раиси вилоят қайд карданд, ки Паёми роҳбари давлат заминаи боэътимодро барои рушди минбаъдаи кишвар фароҳам меорад. Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки дар Паём зикр гардид, баландшавии музди меҳнат мебошад, ки ба беҳтар шавии сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад ва ин раванд ҳамасола пайи иҷро мебошад.
Ҳозирин аз нуктаҳои муҳими Паём ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ҳар шахси худогоҳу ватандӯст бояд онро сармашқи кори худ қарор дода, барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намояд.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, ҷалби бештари онҳо ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин мусоидат ба рушди соҳибкорї яке аз роҳҳои муҳими саҳмгузориашон дар пешрафти ҷомеа арзёбӣ шуд.