ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ БО РАНГҲОИ МУТОЛИА: ХОНАНДАГОН ДАР ҶАҲОНИ КИТОБҲО
Имрӯз, 26 март, гурӯҳи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Китобхонаи марказии ноҳия ташриф оварда, вақти холии худро бо мутолиаи китобҳои гуногун сипарӣ карданд.
Дар доираи ин ташриф, хонандагон имконият пайдо карданд, ки бо асарҳои гуногуни бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва таърихӣ шинос шуда, мутолиаи онҳоро бо завқ анҷом диҳанд. Мутахассисони китобхона барои онҳо роҳнамоиҳои зарурӣ дода, китобҳои мувофиқро тавсия доданд. Барои аксари хонандагон, ташриф ба китобхона на танҳо роҳи хуби ғанӣ гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ, балки василаи беҳтарини истифодаи вақти таътили баҳорӣ гардид.
Онҳо аз имконияти мутолиаи китобҳои дӯстдоштаи худ истифода бурда, бо якдигар дар бораи мундариҷаи китобҳо мубодилаи афкор намуданд. Кормандони китобхона чунин ташрифҳоро дастгирӣ намуда, бар онанд, ки китобхонӣ ба инкишофи тафаккур ва маърифатнокии насли наврас мусоидат мекунад.
Бо иттилои директори китобхона Салимзода Наргис ҳамчунин, онҳо нақша доранд, ки дар оянда низ барои хонандагон чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, аз қабили вохӯриҳо бо нависандагон ва муҳокимаи асарҳои хондашуда, ташкил намоянд.