НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Маориф » РУШДИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ТАВАССУТИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"
апрель 28 2025

РУШДИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ТАВАССУТИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"

                            РУШДИ МАЪРИФАТИ ҶАВОНОН ТАВАССУТИ УСУЛИ "МАКТАБ БА МАКТАБ"

Имрӯз, 16 апрели соли 2025, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло ва намояндаи шуъбаи маориф Сафарбек Холов, дар муассисаҳои таълимии №45, №47 ва №68-и Ҷамоати деҳоти Навоӣ, усули "Мактаб ба мактаб" доир гардид. Чорабинӣ бо мақсади мусоидат ба пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулияти иҷтимоии хонандагон ва тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии баргузор шуд.

Муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло дар суханронии худ ба аҳамияти мубориза бо қавмгароии наврасон ва тақвияти ҳуқуқи иҷтимоии ҷавонон диққат дод. Вай дар вокуниш ба шомилшавии баъзе ҷавонзанон ба гурӯҳҳои ифротгаро таъкид намуд, ки бояд таваҷҷуҳи хос ба таҳкими тарбия ва муҳити солим дар мактабҳо бошад, то наврасон, ки барои ояндаи фардо раҳнамои ҷомеа хоҳанд буд, тарбияи дуруст гиранд.

Шукурзода Шаҳло бо ишора ба нақши муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи ахлоқии хонандагон, ҳадафи аслӣ, яъне таъмини муҳити ором ва бехатар дар мактабҳо ва муҳити атрофро барои кӯдакону наврасон, дар байни ҷамъияти мактабӣ шарҳ дод. Дар идома масъулин дар бораи аҳамияти риояи одоби либоспӯшии занону духтарон ва аҳамияти маданӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии он суханронӣ карданд.

 Таъкид гардид, ки ҳар як омӯзгор ва иштирокчии чорабинӣ бояд ба тарзи либоспӯшиҳои ҷавонон, аз ҷумла хонандагон ва эҳтироми рамзи фарҳанги миллии хеш таваҷҷуҳ кунад. Зеро он дар рушди ахлоқи ҷомеа ва эътимод ба ояндаи кишвар нақши муҳим дорад. Сипас, масъулин оид ба муҳимияти тарғиби китобхонӣ ва маърифати фарҳангӣ барои ташаккули афкори мустақил ва арзишҳои гуманистӣ дар байни наврасон ва ҷавонон низ изҳороти муҳим намуданд.

 Чорабинӣ бо қобили қаноатмандии хонандагон ва омӯзгорон баргузор шуд. Ба гуфтаи масъулин, иқдоми "Мактаб ба мактаб" ба маърифати иҷтимоии ҷавонон таъсири мусбат гузошта, роҳҳои муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва фаъолияти онҳо дар самти илму фарҳангро таҳким мебахшад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30