НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХӮРАД!
май 05 2025

ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХӮРАД!

            ҲАР КӢ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР, ЗУД БОШАД, КИ САРИ ХЕШ ЧУ ГИРДОБ ХӮРАД!

   Дар ҳошияи суханронии сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Нусратулло Мирзозода ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Рустам Холиқзода дар вохӯри бо кормандони мақомоти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Вожаи "терроризм" ба лафзи лотинӣ мансубият дошта, "сиёсати тарсондан ва фурӯ нишондани душманони сиёсӣ, мазҳабӣ бо роҳи зурӣ, нобудсозӣ ва куштор" мебошад.

"Экстремизм" низ калимаи лотинӣ буда, маънии "пайравӣ ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан дар сиёсат)"-ро дошта, ифротталабӣ гуфтани клима мебошад. Ин ду калима, яъне терроризму экстремизм солҳои ахир ҳамчун ифодакунандаи зуҳуроти номатлуб мавриди истифодаи хеле зиёди расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбор шудаанд.

Сабаби аслии афзоиши мавриди истифода қарор гирифтани ин вожаҳо он аст, ки дар заминаи воқеоти мухталифи ҷаҳон қувваҳои ифротие пайдо шудаанд, ки барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ даст ба тазоҳуроти ғайрирасмӣ мезананд ва дар дилу дидаи мардум ваҳшату тарсро ҷой месозанд.

Ин зуҳуроти номатлуб бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла бо роҳи зурӣ ва фиреб ба сафҳои худ даровардани ашхоси аксаран ноустувор мавҷудияти худро муаррифӣ карда истодааст. Барои паст намудани мавқеи терроризму экстремизм ногузирии устувор гардонидани ақидаи мардум ба самти зиндагии шоиста ва ҳаёти хушбахтона мебошад.

Шарафёбии кишварҳои ҷаҳон дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб танҳо бо роҳҳои ташкилу фароҳамсозии шароити созгори зиндагии шаҳрвандон тавассути баланд бардоштани маърифати мардум ба даст оварда мешаванд. Баланд гардидани маърифати мардум ва тавассути он ташкили шароити зиндагии шоиста маҳаки асосии сиёсати мардуммеҳваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки таҳкими ин сиёсат вазифаи асосӣ ва ҷонии тамоми масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо дониста шудаанд.

Дар ин замина, роҳандозӣ шудани тадобири амниятӣ аз қабили ташкили вохӯрию суҳбатҳо ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла бо мардуми меҳнаткаш ва иштирокдорони раванди таълиму тарбия ба воситаи ҷалби шахсони соҳибфарҳангу ватандӯст, собиқадору рӯзгордида бо усулҳои самарабахши тарғиботии "Мактаб ба мактаб" ва "Хона ба хона" натиҷаи хуб ба бор меоварад.

Моҳияти ин тадбирҳо бори дигар дар вохӯрии қарибулвуқӯи сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Нусратулло бо роҳбарони сохторҳои гуногуни маҳаллӣ ва ҷамоатчигии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қайд гардид. Ташкили корҳо бо усули "Мактаб ба мактаб" ин такмили маҳорати корбарии маъмурони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тақвияти тадриси омӯзгорон дар самти устувор гардонидани тарбияи ватандӯстию худогоҳии насли ояндасози миллат мебошад.

Зарурияти ташкили ин усул он аст, ки мақомоти марбутаи давлатӣ оид ба таълиму тарбия бо иштирокдорони раванди таълиму тарбия дар самти мубориза алайҳи корҳои номатлуб ҳамкорӣ намоянд. Дар ин кор баргузории чораҳои муассир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз қабили ташкили вохӯрию сӯҳбатҳо бо кормандони закии ниҳодҳои давлатӣ ва шахсони баруманди маҳал ва диёр, баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва таълимию варзишӣ миёни наврасон, боздид аз мавзеъ ё дидгоҳҳои таърихӣ, ҷалби наврасон ба озмунҳои дохилимуассисавӣ, байниноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, фаъолгардонии маҳфилҳои касбомӯзӣ ва фаннӣ буда метавонанд.

Тадбирҳои номбурда метавонанд фазои холигии наврасонро пур намуда, онҳоро аз корҳои номатлуб махсусан, гаравидан ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро ҷилавгирӣ намоянд. Усули "Хона ба хона" низ имкон фароҳам меоварад, ки дар баробари корҳои маърифатӣ ба тарзи зиндагӣ ва шароити кору бори ҳар як оила шиносоӣ пайдо намуда, дар ислоҳи норасоиҳои ошкоршуда дастаҷамъона фаъолиятро ба роҳ монанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарии раиси муҳтарам Холиқзода Рустам Ҳикматулло, зери ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза алайҳи шомилшавии ҷавонон ва шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро чораҳои муассирро роҳандозӣ намуда, тамоми амалҳои номатлуби террористону экстремистонро маҳкум менамоем ва мегӯем : Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 Дар хотир бояд дорем, ки корҳои шоистаи ҳар фарди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ нишонаи зафар бар ифротгароён аст. Шаҳло ШУКУРЗОДА, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 05 май 2025 11:53
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 16
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Май 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031