НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАСКЕТБОЛ - БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА
май 12 2025

БАСКЕТБОЛ - БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА

                                                      БАСКЕТБОЛ - БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҒАЛАБА

      Бо мақсади арҷгузорӣ ба ҷонфидоиҳо ва қаҳрамониҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, 7 майи соли 2025 дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 мусобиқаи кушоди баскетбол миёни дастаҳои бонувони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Ин мусобиқа бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия бахшида ба ҷашни 80-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм ташкил карда шуда, дар он 7 дастаи бонувон аз муассисаҳои таълимии гуногуни ноҳия иштирок карданд.

Ҳадафи асосии баргузории мусобиқа ҷалби бештари духтарон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ миёни наврасон ва баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишии онҳо арзёбӣ мегардад. Мусобиқа дар фазои дӯстона ва рақобати солим ҷараён гирифта, бозингарони ҷавон маҳорати хуби варзишии худро нишон доданд.

Пас аз гузаронидани чанд даври мусобиқа, дастаи бонувони МТМУ №10 бо бозии ҷаззоб ва ҳамоҳангона сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуввум ба дастаи МТМУ №49 ва ҷойи сеюм ба дастаи МТМУ №16 дода шуд. Дар анҷом, дастаҳои ғолиб бо Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия қадрдонӣ шуданд. Ин гуна чорабиниҳои варзишӣ на танҳо ҷиҳати рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ ва варзишии хонандагон мусоидат менамоянд, балки ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз таърихро дар қалби онҳо таҳким мебахшанд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 12 май 2025 08:52
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 40
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
10 май 2025
---
80 СОЛИ ҒАЛАБА БАР

80 СОЛИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ: ҚАҲРАМОНӢ, ШУҶОАТ ВА АРҶГУЗОРӢ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30