ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ: ҚАДАМИ ДИГАР БА СӮИ МУҲИТИ ЗИСТИ СОЛИМ
Субҳи рӯзи 10 майи соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, идораи коммуналӣ, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид.
Ин иқдом бо мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ободонӣ ва зебосозии муҳити зиндагии сокинон роҳандозӣ шуда, саҳми арзандае дар нигоҳдории симои зебои ноҳия гузошт. Дар ҷараёни шанбегӣ кӯчаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, атрофи муассисаҳои маъмурӣ, таълимӣ ва тиббӣ, инчунин боғҳо, хиёбонҳо, роҳҳои асосии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва оромгоҳҳо тозаву озода гардиданд. Сокинону кормандон партовҳоро барчида, алафҳои бегона ва хасу хошокро тоза намуданд.
Ба ғайр аз корҳои тозакунӣ, дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда сафед карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади зеботар гардондани кӯчаву назди корхонаҳои ноҳия, гулҳои мавсимии ороишӣ дар гулгаштҳо ва дигар нуқтаҳои мувофиқ шинонида шуданд.
Обмонии мунтазами гулҳо, буттаҳо ва дарахтон низ ба роҳ монда шуда, ин ҳама ба зебоии табиӣ ва муҳити солими зист саҳм гузошт. Шанбегии имрӯза на танҳо амали тозагӣ, балки ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии сокинон дар ободонии макони зист низ хидмат кард. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузории чунин шанбегиҳоро ҳамчун яке аз роҳҳои муассири тарғиби фарҳанги зист ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин гуна иқдомҳо пайваста ба роҳ монада мешаванд.