КОРРУПСИЯ - МОНЕАИ РУШДИ УСТУВОР ВА РОҲҲОИ МУАССИРИ ПЕШГИРИИ ОН
Коррупсия яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, таъсири манфии он ба ҳама ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бетаъсир намемонад. Мутахассисони соҳаҳои сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва иқтисодиёту идоракунии давлатӣ ин зуҳуротро ҳамчун монеаи аслии рушди ҷомеа ва пастравии эътимоди мардум ба сохторҳои давлатӣ арзёбӣ менамоянд. Дар посух ба ин мушкилоти фарогир, ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомҳои мушаххасеро роҳандозӣ намуд.
Аз ҷумла, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 31 октябри соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсияро қабул кардааст, ки ин ҳуҷҷати байналмилалӣ дар таърихи 9 декабри ҳамон сол дар Конфронси сатҳи баланд бо имзои беш аз 100 давлати ҷаҳон ба ҳукми расмият даромада буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар чаҳорчӯби уҳдадориҳои байналмилалӣ ва бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, санаи 25 сентябри соли 2006 ба ин санад имзо гузошт ва он аз соли 2007 расман ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид гардид.
Бо ташаббуси мустақими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти мубориза бо коррупсия ва таъмини шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод ҳамчун сохтори махсусгардонидашуда, ба хотири коҳиш додани сатҳи ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ фаъолият мебарад.
Сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти мубориза ва пешгирии амалҳои коррупсиониро яке аз афзалиятҳои стратегии худ медонад. Ифодаи иродаи сиёсӣ ва ташаккули механизмҳои муассири ҳуқуқӣ дар ин самт боиси таҳкими мубориза бо ин падидаи номатлуб гардидааст. Мувофиқи хулосаи муҳаққиқон, яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани коррупсия дар шароити кишвар, дастгирии фаъоли бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ аз ҷониби давлат мебошад.
Пешбурди фаъолияти соҳибкории қонунманд, мусоидат ба ташкили ҷойҳои корӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум - ҳама ин омилҳо метавонанд муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва иқтисодиро барои коҳиши амалҳои коррупсионӣ фароҳам оваранд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, мубориза бо коррупсия як равандест, ки муборизаи дастаҷамъонаи ҷомеаро тақозо мекунад. Мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди масъул бояд дар ин раванд нақши фаъол дошта бошанд. Омӯзиши мунтазами шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, инчунин шаффоф ва ҷавобгӯ будани фаъолияти муассисаҳои давлатӣ метавонанд заминаи устуворе барои коҳиши амалҳои коррупсионӣ гузоранд.
Дар ниҳоят, мубориза бо коррупсия танҳо ба воситаи таҳримҳо ва чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Ин ҷараён дар заминаи ислоҳоти куллӣ, муносибатҳои навини иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва таъсиси низоми самарабахши назоратӣ амалӣ мегардад. Танҳо бо иттиҳоди неруҳо ва иродаи қавии сиёсӣ метавон бо ин зуҳуроти хатарнок муқовимати устувор нишон дод. Маҳмадалӣ Ҷабборов, сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ