НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРОН: РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ
август 01 2025

Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРОН: РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

                  Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРОН: РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

         Санаи 30 июли соли 1928 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзе муҳиму хотирмон сабт шудааст. Дар ҳамин рӯз яке аз сохторҳои муҳими амниятии кишвар - Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз он замон то ба имрӯз, дар тӯли қариб як аср, ин ниҳод масъули бевоситаи таъмини амнияти сӯхторӣ ва наҷоти ҷону молу мулки мардум буда, нақши арзишманде дар таъмини оромии ҷомеа иҷро кардааст.

 Фаъолияти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар тӯли 97 - соли мавҷудияти худ бо мардонагӣ, ҷасорат, қаҳрамонӣ ва садоқат ба савганди касбӣ тавъам будааст. Бо вуҷуди он ки дар назди онҳо вазифаҳои сахту пурмасъулият истодаанд, кормандони ин ниҳод бо садоқати комил дар ҳифзи ҳаёти мардум, наҷоти молу мулк ва мубориза бо ҳодисаҳои нохӯши оташӣ талош меварзанд.

 Дар ин санаи фархунда муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ба Қисми 28-уми Хадамоти ҳарбикунонидаи давлатии оташнишонии ноҳия ташриф оварда, аз рафти фаъолияти командон дидан намуд. Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30  июл ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти оташнишонӣ таҷлил мешавад. Ин сана на танҳо ба хотири арҷгузорӣ ба хизмати фидокоронаи ин афрод ҷашн гирифта мешавад, балки як навъ қадршиносӣ аз ҷонфидоии онҳост, ки дар лаҳзаҳои буҳронӣ худро бе таъхир ба хатар мезананд, то ҷони дигаронро наҷот диҳанд. Баъд аз боздид мулоқоти муовини раиси ноҳия дар толори Қисми 28-уми Хадамоти ҳарбикунонидаи давлатии оташнишонии ноҳия бо кормандони ин ниҳод доир гардид.

 Зимни баромади хеш муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ҳозиринро ба иди касбиашон аз номи раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло табрик намуда, қайд намуд, ки касби оташнишонӣ аз ҷумлаи мураккабтарин ва мушкилтарин пешаест, ки аз корманд на танҳо малака ва дониш, балки ҷасорату иродаи матин, нотарсиву қаҳрамонӣ талаб мекунад. Онҳо ҳар рӯз бе ягон монеа омодаанд, ки дар вазъиятҳои шадид ва таҳдидомез ба наҷоти одамон шитобанд.

Қайд гардид, ки имсол, кормандони ин хадамоти муҳими давлатӣ 97-умин солгарди таъсиси онро бо натиҷаҳои назаррас ва руҳияи баланди касбӣ истиқбол мегиранд. Гарчанде рӯзи ид бошад ҳам, онҳо мисли ҳамеша дар ҷойи коранд.

 Дар хати аввали мубориза бо сӯхтор ва офатҳои дигар, шабу рӯз дар хизмати мардум қарор доранд. Дар идома, сардори Қисми 28-уми Хадамоти ҳарбикунонидаи давлатии оташнишонии ноҳия - майори хизмати дохила, Сатторзода Носир Саттор дар баромади худ зикр дошт, ки  кормандони мо намунаи равшани руҳияи ҷавонмардӣ ва омодагии касбӣ буда, ҷавонони таҳсилдида ва солиманд, ки бо омодагии ҷисмонӣ ва ахлоқи баланди касбӣ масъулияти хешро сарбаландона иҷро мекунанд. Зангҳое, ки ба рақами "01" ворид мешаванд, дар маркази навбатдории қисм сабт мегарданд. Пас аз қабули занг бошад, навбатдор фавран маълумоти зарурӣ, макон, ҳолати фавқулода ва эҳтимоли хатарро мушаххас мекунад. Аз ин лаҳза соатҳои ҳисобшуда оғоз меёбанд: кормандони оташнишонӣ бояд дар муддати на бештар аз як дақиқа либосҳои муҳофизатии худро пӯшида, ба мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ нишаста, равона ба роҳи макони ҳодиса шаванд.

«Ҳар лаҳза муҳим аст. Зеро ҳар қадар, ки кормандон зудтар ба ҷойи ҳодиса расанд, ҳамон андоза имкони наҷоти ҷонҳо ва амволи мардум бештар мегардад. Пас аз рафъи сӯхтор, гурӯҳҳои махсус сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳлил намуда, ҳаҷми зарари молиро муайян мекунанд»,- иброз дошт  Сатторзода Носир Саттор. Дар фарҷом бахшида ба ин санаи фархунда як қатор кормандони қисм бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 август 2025 12:51
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 11
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031