НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - РАМЗИ ВАҲДАТУ САРФАРОЗИИ МИЛЛӢ
август 14 2025

"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - РАМЗИ ВАҲДАТУ САРФАРОЗИИ МИЛЛӢ

                                 "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - РАМЗИ ВАҲДАТУ САРФАРОЗИИ МИЛЛӢ

      Истиқлолият барои ҳар миллат на танҳо як санади сиёсӣ, балки рамзи шараф, нишони озодӣ ва кафолати бақои давлату миллати он ба шумор меравад. Таърихи башарият борҳо собит намудааст, ки   танҳо  миллатҳое  метавонанд   дар  ҷаҳони пуртазоди имрӯза бо ифтихор зиндагӣ кунанд, ки соҳибистиқлол ва соҳибдавлат бошанд. Миллати тоҷик, ки дорои таърихи ҳазорсолаи пурифтихор аст, имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар сафи кишварҳои озоду соҳибихтиёр қарор гирифта, тавонистааст заминаи давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи худро устувор созад. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо масъулияти ҳар фарди кишвар аст. Танҳо бо ваҳдат, меҳнати содиқона ва талоши якдилона мо метавонем истиқлолро устувор нигоҳ дошта, Ватани азизамонро ободу зебо гардонем.

Истиқлолият на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки заминаи таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот, рушди худшиносӣ ва ватанпарастӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки дар роҳи рушду шукуфоии давлат ва ҳифзи суботи ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Ба истиқболи 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар саросари кишвар омодагиҳо ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ идома доранд.

Шаҳру навоҳӣ бо баргузории барномаҳои гуногун руҳияи ифтихору ватандӯстиро миёни сокинон боло мебаранд. Дар ин замина, шоми 13 август, дар Боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавие таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Ин барнома аз ҷониби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва зерсохторҳои он, шуъбаи дезинфексия, Маркази ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва беморхонаи хусусии "Наҷоти Сино" ташкил шуда, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа ва сокинони сершумор сурат гирифт.

Фазои идона бо ҳузури сарояндаи хушсадои кишвар Беназир ранги тоза гирифт. Сурудҳои ватандӯстона, намоишҳои фарҳангӣ ва баромадҳои ҳунармандон шомро пурмаъно ва хотирмон сохтанд. Чорабинӣ бо эҳсоси ифтихор аз истиқлол, руҳияи ваҳдат ва орзуи рушди минбаъдаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 14 август 2025 08:15
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 23
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 апрель 2024
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН 1. Муовини

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031