АМАЛИШАВИИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ - ҲУҚУҚӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Сию чор сол қабл миллати тоҷик ба орзуи деринаи худ - Истиқлоли давлатӣ ноил гардид. Бо ба даст омадани истиқлол барои мардуми тоҷик имконият фароҳам шуд, ки давлатдории миллӣ ва сохтори мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии худро бунёд намоянд. Ин давраи сарнавиштсоз ба марҳилаи ҳассоси таърихи навини тоҷикон рост омад, ки зарурати таҳкими пояҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ бештар эҳсос мешуд. Аз рӯзҳои нахустини истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили қонунгузорӣ ва ташаккули низоми судӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд.
Қабули кодексҳои ҷиноятӣ, маданӣ, иқтисодӣ, меҳнатӣ ва оилавии нав нишон дод, ки кишвар масири рушди худро дар асоси риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ мондааст. Бо дарназардошти воқеиятҳои замон, зарур дониста шуд, ки дар ин самт ислоҳоти пайваста сурат гирад. Самтҳои асосии сиёсати судӣ-ҳуқуқӣ дар ду санади муҳими давлатӣ инъикос ёфтаанд: «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2028» ва «Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ». Ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд, то фаъолияти судҳо ва мақоми судяҳо бо нигоҳи нав арзёбӣ шуда, ҳадафи асосии онҳо - адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пурра таъмин гардад.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (23 апрели соли 2014) Пешвои миллат таъкид карданд, ки рушди низоми судӣ пояи адолати иҷтимоӣ ва шарти муҳими давлати муосир аст. Бинобар ин, ислоҳоти судӣ бояд идома ёбад ва сохтору фаъолияти судҳо пайваста такмил дода шавад. Қадами аввал дар ин самт бо қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии солҳои 2007–2010 гузошта шуд, ки дар он ташкили сохторҳои нав, қабули қонунҳои муосир ва ҷорӣ намудани коллегияҳои судӣ оид ба масъалаҳои маъмурӣ ва оилавӣ пешбинӣ гардида буд. Барномаҳои минбаъда барои солҳои 2015–2017 ва баъдан барои давраҳои дигар идомаи мантиқии ҳамин раванд буда, ҳадаф доштанд нақши судро дар ҳимояи ҳуқуқи инсон боз ҳам қавитар намоянд. Бо вуҷуди пешрафтҳо, баъзе мушкилот низ боқӣ мондаанд: нокифоя будани заминаи қонунгузорӣ, камбуди кадрҳои касбӣ, сатҳи пасти моддию техникии судҳо ва номувофиқии баъзе муқаррарот ба Конститутсия. Ин масъалаҳо дар санадҳои давлатӣ ҳамчун вазифаҳои ҳалталаб қайд шуда, тадбирҳо барои ислоҳи онҳо идома доранд.
Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи давлат ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, мавқеи судҳо ва судяҳо дар низоми давлатӣ ба таври назаррас тақвият ёфтааст. Волиояти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар маркази диққат қарор дошта, таҷрибаи судии кишвар марҳила ба марҳила ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик мешавад. Ҳамин тариқ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои давраи Истиқлол ба шумор меравад, ки имрӯз ба таҳкими пояҳои демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди давлатдории миллӣ заминаи устувор мегузорад. Фатҳуддинзода Фирдавси Вайсиддин, судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ