НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАРНОМАИ ИДОНА ВА КУМАКҲОИ МОДДӢ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
сентябрь 12 2025

БАРНОМАИ ИДОНА ВА КУМАКҲОИ МОДДӢ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

                      БАРНОМАИ ИДОНА ВА КУМАКҲОИ МОДДӢ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

            Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 9 сентябр бо ташаббуси Бахши дин, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Дидбонгоҳи сарҳадии Қалъаи Файзободи Қисми ҳарбии 0306 РҚС Кумитаи давлатии амнияти миллӣ воқеъ дар ноҳияи Панҷ маводи хӯрока ва ашёи зарурӣ расонда шуд.

Тибқи иттилои масъулин, кумакҳо аз маҳсулоти аввалия - равған, шакар, намак, орд, биринҷ, макарон, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, лӯбиёгиҳо, обҳои нӯшокӣ ва дигар маводи зарурӣ иборат буданд. Ҳайати масъул пас аз супоридани мавод аз шароити хизмату зиндагии сарбозон - ошхона, ҷойи хоб ва инфрасохтори дидбонгоҳ дидан намуда, бо ҳайати шахсӣ мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбат таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуди шароити хизматӣ ва зиндагии сарбозон, далели ғамхории давлату ҳукумат нисбат ба муҳофизони Ватан мебошад. Дар дидбонгоҳ сарбозоне хизмат мекунанд, ки аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафарбар гардидаанд. Онҳо содиқона ба адои қарзи шаҳрвандӣ машғул буда, ирода ва садоқати худро ба давлат, миллат ва арзишҳои миллӣ иброз медоранд.

Сарбозон ва роҳбарияти дидбонгоҳ аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки бо ифтихор Ватанро ҳимоя мекунанд ва ба Пешвои миллат содиқ мемонанд. Дар идомаи ин чорабинӣ, ба хотири болидахотирӣ ва руҳбаландии хизматчиёни ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд. Ҳамзамон, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи фарҳангиро пешниҳод намуда, ба сарбозон фазои идона бахшиданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 12 сентябрь 2025 07:34
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 10
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

30 май 2024
Асосӣ / Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
28 МАЙ - РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ

28 МАЙ - РӮ ЗИ ҚӮ ШУНҲ ОИ САРҲ АДӢ Санаи 28 май и соли 2024 дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои

Маълумоти бештар
24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
09 декабрь 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ
ДИДОРБИНӢ БО САРБОЗОН

ДИДОРБИНӢ БО САРБОЗОН

Маълумоти бештар
26 февраль 2025
Мақомоти иҷроия
КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ

КУМАК ВА ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН 22 феврали соли 2025, дар арафаи та ҷ лили Р ӯ зи Қ увва ҳ ои Мусалла ҳ

Маълумоти бештар
30 ноябрь 2022
Асосӣ
ВОХӮРӢ БО САРБОЗОН

ВОХ Ӯ Р Ӣ БО САРБОЗОН Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930