НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО БАРНОМА ДИЛНИШИН
сентябрь 12 2025

ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО БАРНОМА ДИЛНИШИН

                         ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО БАРНОМА ДИЛНИШИН

          Санаи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии "Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими бошукӯҳи таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, намояндагони корхонаҳо ва сокинони сершумори ноҳия сурат гирифт.

Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии худ аҳамияти Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик таъкид карда, мардуми ноҳияро ба ифтихори ин санаи муҳиму тақдирсоз табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки маҳз Истиқлолият барои ташаккули давлати соҳибихтиёри тоҷикон заминаи боэътимод гузошта, роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои олии давлатдориро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардааст, ҳамвор намуд.

Сипас, намояндаи доимии Ҳукумати кишвар дар ноҳия Салимзода Алиҷон Абдуҷалол табрикоти самимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кулли сокинони шарафманди ноҳия расонда, дар бораи дастовардҳои бузурги миллӣ дар тӯли 34 - соли Истиқлол сухан гуфт. Ӯ таъкид дошт, ки бо шарофати Истиқлолият имрӯз Тоҷикистон ба як давлати соҳибихтиёр ва босубот табдил ёфта, ҷомеа ба сӯйи зиндагии осоишта ва рушд роҳ кушодааст.

Дар доираи чорабинӣ як қатор шахсони фаъол ва меҳнаткашони ноҳия, ки дар пешрафту шукуфоии диёр саҳми арзанда гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳои намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Қисмати фарҳангии барнома бо баромади ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва иҷрои барномаи консертии сарояндаи маъруфи кишвар Нозияи Кароматулло сурат гирифт. Сурудҳои ҷолибу дилнишин ва саҳнаҳои рангини фарҳангӣ ба шодиву болидагии руҳияи иштирокчиён ҳусни иловагӣ бахшиданд. Таҷлили ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба як маросими воқеан хотирмон табдил ёфт, ки дар он арзишҳои Истиқлолият, Ваҳдат ва худшиносии миллӣ боз ҳам бештар талқин ва таъкид шуданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 12 сентябрь 2025 07:44
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 10
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 сентябрь 2025
---
ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ

ТАҶЛИЛИ БО ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО БАРНОМА ДИЛНИШИН

Маълумоти бештар
27 март 2024
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Фарҳанг
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА Рӯзи 26 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930