САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР ДАҲСОЛАИ СЕЮМИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шуъбаи мазкур дар давоми даҳсолаи сеюми соҳибистиқлолии мамлакат як маротиба тағйири ном карда, аз соли 2011 инҷониб ҳамчун Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият дорад. Вазифаҳои низомномавии он татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба фарҳанг, маънавиёт, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, созмонҳои сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳо мебошад. Ташкил намудану гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ низ аз ҷумлаи уҳдадориҳои ин шуъба мебошад. Аз давраи таъсисёби то имрӯз шуъба ҷиҳати татбиқи Стратегия, Кансепсия ва Барномаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҷавонон саҳми арзанда дошта, пайваста Шӯроҳои дахлдорро вобаста ба соҳаи мазкур баргузор менамояд. Инчунин дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Стратегии мамлакат бо аҳли зиё суҳбату вохӯриҳо баргузор менамояд.
Тайи солҳои 2010-2020 дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шахсони зерин кор кардаанд: Шералиев С, аз 8 феврали соли 2010 то 5 декабри соли 2013, дар ин давра аз моҳи марти соли 2011 “Бахш оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, алоқа бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибати баӣни миллатҳои дастгоҳи раиси ноҳия” ба Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия иваз карда шудааст, Сайфидинов М, аз аввали соли 2013 то охири соли 2013, Ғуломов Ҷ, аз 14 январ то 14 августи соли 2014, Эраҷ Л, аз моҳи октябри соли 2014 то моҳи августи соли 2015.
Аз 1 декабри соли 2015 то имрӯз ин вазифаи пурмасъулиятро Абдулов Раҷабалӣ ба дӯш дорад. Айни замон дар вазифаҳои сармутахассиси шуъба Валиев Ҷаҳонгир, мутахассиси пешбари шуъба Сафаров Аваз ва мутахассиси шуъба Одинаева Фотима кору фаъолият карда истодаанд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Валиев Ҷ. А.