http://balkhi.tj/
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ
3-09-2021, 04:46 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Истиқлолият барои ҳар давлату миллат неъматест беназир. Он омили асосии бедории миллат, иттиҳод дар атрофии идеяи миллӣ, тараққии мамлакат, заминаи боэътимоди ба даст овардани обрӯву эътибор дар арсаи байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар ҷаҳон мебошад.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон кард ва инак 30 сол мешавад, ки бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад. Тоҷикистони азизи мо дар ин муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишвари ба монеаҳо дучоршуда ба як кишвари пешрафта табдил ёфт. Сол аз сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд аст. Ҳамаи ин аз қудуми файзбори фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

       Истиқлолият дар ҳақиқат барои кишвар ва мардуми мо заминаҳои пешрафтро фароҳам овард. Бо нигоҳе ба ободкориҳо ва созандагиҳои даврони соҳибихтиёрӣ, метавонем бигӯем, ки истиқлолият дарвозаи пайвандшавии Тоҷикистон ба ҷаҳон шуд.

     Имсол Тоҷикистони азизи мо 30-солагии Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. Омодагиҳо ба ин санаи фархунда ва корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар ҷараён доранд.

      Истиқлолият асос ва пойдевори рушди ҳамаҷонибаи ҳар давлат аст. ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод кори саҳл нест. Давлати Тоҷикистон барои ҳифз ва тақвияти Истиқлолияти худ тамоми шароит, тавон ва имкониятро дорад, вале бояд донист, ки посдорӣ аз Истиқлолият ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар ва мустаҳкам шудани пояҳои Истиқлол вазифаи ҳар фарди бедори миллат ва ҳар сокини ин сарзамин аст. Пас, биёед ҳамагон дар ҳифзи Истиқлолият ва тараққии ин диёри биҳиштосо бо ҳар роҳе, ки метавонем, нақши сазовор гузорем. 

Кароматулло Хайраков, 

мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор

 бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия

скачать dle 12.1
Просмотров: 42  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.