http://balkhi.tj/
РИСОЛАТИ ШАХС
7-10-2021, 11:51 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

     Рисолати ҳар як инсон дар зиндагӣ хизмат ба халқу ватан ва аз худ номи нек гузоштан аст. Новобаста аз он, ки ӯ дар кадом соҳа ва дар кадом вазифа фаъолият мекунад, бояд вазифаашро бо дарки масъулият ва содиқона ба ҷо орад. Ин ҷо дар бораи кору фаъолияти нафаре мехоҳем нақл кунем, ки дар давоми умри бобаракати хеш тамоми кӯшишу ғайраташро барои рушди ҳамон соҳае, ки фаъолият дошт равона кардааст.

     Ин шахс Аҳад Қирғизов мебошад, ки чандин маротиба аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,вилояти Хатлон бо медалу нишонҳоисари синаги барои хизматҳои арзандааш қадрдонӣ шудааст.

      Аҳад Қирғизов 42 сол собиқаи кори дошта 37 сол дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият намудааст.

       Инчунин солҳои 2017-2018 раиси ҷамоати деҳоти Ҳалевард буда, аз соли 2018 то моҳи июни соли 2021 дар вазифаи Директори варзишгоҳи ба номи Уткам Мамадови ноҳия фақолият намудааст.

        Мавсуф аз моҳи июни ҳамин сол ба синни нафақа баромада, саодату хушбахтии зиндагиро дар тинҷиву осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ миллати тоҷик меҳисобад.

     Саннаи 22 сентябри соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Сипосномаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло ба Аҳад Қирғизов  барои саҳми арзанда ва фақолияти бардавомаш сарфароз гардонида шуд. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 5  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.