http://balkhi.tj/
Кумаки башардӯстонаи Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмари» Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд
7-04-2021, 12:26 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Кумаки башардӯстонаи Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмари» 

Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд 

      Бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди мамлакат, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Малик Салмони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтааст, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба оилаҳои ниёзманди ҳашт шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Хатлон дасти кӯмак дароз намоянд. 

      Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ дар доираи ин кӯмак ба 900 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳраку Ҷамоатҳои деҳот кӯмаки хайриявӣ дар шакли маводҳои хӯрокарӯзи 7 апрел дастрас гардид.

       Кӯмаки мазкур барои ҳар як оиал аз 50 кг орд, 3 литр равѓани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 3 кг лӯбиё, 3 кг наск, 0,5 кг чойи хушк ва 1 кг намак иборат мебошад.

      Намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ризоев Ҳусниддин қайд намуд, ки маводҳои хӯрока таввасути кормандон ва волонтёрон ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад.

     Ин амали хайр дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ монда шудааст. 


скачать dle 12.1
Просмотров: 35  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.