ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

    Рӯзи 8 майи соли 2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар назди муҷассамаи Модари маҳзун ва нимпайкараҳои қаҳрамонони Иттифоқи Шӯравӣ, ки дар Боғи фарҳанги ба номи Умар Хайём ҷойгиранд, бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидон гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд. 

ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ    

    Собиқадорони ҷангу меҳнат беҳтарин солҳои умри худро ба озодию ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшиданд. Дар навбати худ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ истодааст, аз ҷумла нигоҳ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувор намудани Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст. 

     МАҶЛИС ОИД БА БАРРАСИИ БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ  НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

  Рӯзи 3 майи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, муовинон, масъулини кумита, намояндагони вазорату идораҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ маҷлис оид ба баррасии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Ҳамчунин дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисон ва кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаҳои маҳалла иштирок доштанд. 

                          БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ НАМУНАВӢ»

    Дар толори Чойхонаи «Шамсулло»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 4 майи соли ҷорӣ бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза, муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар намояндагон даври вилоятии озмуни «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани масъуляти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ ва рӯзгордории оилаҳо, солим устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесаробон мондани фарзандон, коҳиш додани раванди таъсиррасонӣ, омилҳои доғи рӯз ба муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад. 

 

МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ”

  Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор рафта, тарафдорони махсуси худро дорад. Боиси хушнудии ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳҳои назаррас зоҳир мегарданд. Бахусус, футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он на танҳо ҳамчун падидаи варзишӣ, балки ҳамчун падидаи сиёсӣ эътироф шудааст. Футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини омма буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву руҳӣ ва тарбияи шахс ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати рушд ва тақвият бахшидани футбол Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳандозӣ гардидааст. Дар ин замина санаи 3 майи соли 2024 маросими кушодашавии футболи хурд байни ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳия” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон", ки бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба роҳ монда шудааст, оғоз гардид. Тибқи Низомнома мусобиқаи мазкур то санаи 17 майи соли 2024 идома ёфта, он дар арафаи "Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон" ҷамъбаст мегардад.

 

 

                                                           УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

        Имрӯз, 29 апрели соли 2024 дар деҳаи Гагарини Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ дар маҳал, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Раҳимзода Бунафша, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Исматзода Саидшоҳ ва дигар шахсони масъул «Усули хона ба хона»-и гурӯҳӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешу таборӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбатҳо гузаронида шуд. 

 

                                    БОНУИ ПУРҲУНАР - БАРАКАТОВАРИ ХОНАДОН

      Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокату нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд, вале фарди беҳунар дар ҳама маврид хору залил аст. Ахмедова Ҷонона Муҳаммадзокировна зодаи деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, санаи 26 июли соли 2000-ум дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2018 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро хатм намуда, худи ҳамон сол донишҷӯи факултети тиббӣ-техникӣ (ихтисоси технология)-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардида, онро соли 2022 хатм кардааст. Фаъолияти нахустини кориро дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ ҳамчун омӯзгор ва роҳбари маҳфили «Дастони моҳир» оғоз бахшида, то инҷониб кору фаъолият намуда истодааст. Мавсуф соли 2017 гранти «Навовари беҳтарин»-ро сазовор гардида, соли 2021 дар озмуни «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки фаъолонаи худ ҷойи сеюмро ишғол намудааст. Инчунин дар соли 2024 дар озмуни «Беҳтарин роҳбари маҳфил» дар даври вилоятӣ қувваозмоӣ намуда, бо гирифтани ҷойи якум ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст. 

                                 ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА

    Рӯзи 26 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрии судманд бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия подполковники милитсия Абосзода Ф.И., сардори нозироти андоз дар ноҳия Раҳматшоев С.Р., сардори дидбонгоҳи гумрукии «Колхозобод»-и ноҳия Сафарзода С.Р., иҷрочии калони хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Юсуфов Ф. вобаста ба хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баромадҳо намуда ба саҳми сокинон расониданд. Дар ҷаласаи мазкур, порокурори ноҳия Собирзода И.М. баромад намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. 

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

    Санаи 26 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шўро – роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси ноҳия, масъулини Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва низом дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, терминалҳои мусофиркашонӣ, ронандагони мусофиркаш ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар ин замина ба сабабу шаротҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар давоми соли 2023, бахусус садамаҳои марговар дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

ХАРИДУ ФУРЎШИ МАВОДИ НАШЪАДОР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

   Ҳодисаҳои фоҷеаоваре, ки тайи солҳои охир аз ҷониби гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ ва гуруҳҳои мутташаккили ҷиноят ба назар мерасанд, аз як тараф гушрас намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмилалӣ аст.

   Хариду фурӯши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. Ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба тахрибкорӣ ва анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ равона мегарданд.

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар пешгирї ва  мубориза  алайњи  чунин  хасоил  равона кардааст.

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30