ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ
Рӯзи 27 июни соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло чорабинии идона бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Раиси ноҳия аз ҷумла қайд намуд, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ аз кишваре, ки варо хатари парокандагӣ ва нестӣ таҳдид мекард мо тавонистем кишвари воҳиди дорои иқтидорҳои энергетикию коммуникатсионӣ, иқтисодиёти рӯ ба рушд ва фарҳанги пешрафтаву низоми сиёсии устуворро бунёд гузорем, ки дар ин росто ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ин дастовардҳо бархурдор гардидааст.