ҚАДАМИ АВВАЛ БА СӮИ МУВАФФАҚИЯТ: ОЗМУНИ МУАССИСАВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
7-уми апрели соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" бо иштироки аъзои комиссияи озмун, намояндагони шуъбаи маориф, омӯзгорон ва хонандагони фаъол баргузор гардид.
Дар оғоз намояндагони масъулин ҳадафи баргузории озмунро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва тавоноии фикрии хонандагон мусоидат намуда, нақши муассир дар таҳкими илмомӯзии насли наврас дорад.
Онҳо ҳамчунин аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва рушди истеъдоди наврасону ҷавонон ёдовар шуданд. Дар рафти суханрониҳо масъулин ҷараёни ташкили даври муассисавии озмун, марҳилаҳои минбаъдаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ, инчунин талабот барои роҳхат гирифтан ба даври ҷумҳуриявиро шарҳ доданд.
Зикр шуд, ки ғолибони озмун на танҳо бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд, балки барои таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи кишвар ва хориҷ имконият пайдо мекунанд. Масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи ноҳия изҳор доштанд, ки баргузории озмун бо риояи пурраи талабот ва дар фазои шаффоф сурат хоҳад гирифт. Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокчиён муваффақият ва комёбиҳо таманно карда шуд. Пас аз қисмати ифтитоҳӣ, хонандагон тибқи рӯйхати муайяншуда ба синфхонаҳои фаннӣ барои иштирок дар бахшҳои мухталифи озмун роҳнамоӣ шуданд. Озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" ҳамчун як падидаи муҳими маърифатӣ ба бозёфти истеъдодҳои наврас ва ташаккули шахсияти илмдӯст дар ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам меорад.