ТАШРИФИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Санаи 2 сентябри соли 2025, дар доираи нақшаи кории вакилони мардумӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф овард. Ҳангоми сафар ӯро муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонзода Лола ҳамроҳӣ карданд. Сафари вакил аз шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ оғоз ёфт. Дар ҷараёни мулоқот бо омӯзгорон, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар таъкид намуд, ки тарбияи дурусти насли наврас аз ҷумлаи масъалаҳои калидии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ дар бораи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва инчунин нақши мактаб дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ андеша баён карда, аҳли маорифро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ - 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд. Дар идома, вакил ва ҳамроҳонаш аз фаъолияти беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал оварданд. Ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ, Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар ба зарурати таҳкими низоми тандурустӣ, татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ҳифзи солимии аҳолӣ, ҷалби мутахассисони соҳибкасб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ишора кард. Баъдан, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 вохӯрии густурда баргузор гардид. Мулоқотро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонзода Лола ифтитоҳ намуда, ҳадафи сафари вакилро шарҳ дод. Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар дар баромади худ аҳли толорро бо ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба мавзӯъҳои муҳими сиёсати миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ дар бораи иҷрои қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, мубориза бо ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, истифодаи самараноки захираҳои барқ ва заминҳои кишоварзӣ, инчунин захиракунонии маҳсулоти ниёзи мардум барои фасли сармо ибрози назар намуд. Мавсуф ҳамзамон ба масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун омили таҳкими иқтидори мудофиаӣ таъкид кард. Муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонзода Лола низ баромад намуда, ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баён гардида буданд, ишора карданд. Онҳо зарурати риояи қонунҳо, пешбурди соҳаи маориф, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инчунин мубориза бо бегонапарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ таъкид намуданд. Дар ҷамъбасти мулоқот зикр гардид, ки мардуми ноҳия бояд бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста гузоранд ва бо фаъолияти созандаву ободгарона баҳри рушди Тоҷикистони азиз хизмат намоянд.