ТАҲСИЛ Ё ИЗДИВОҶ: ИНТИХОБИ САРНАВИШТСОЗ БАРОИ ДУХТАРОН
Дар ҷомеаи имрӯза, ки ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илмӣ ҳар рӯз амиқтар мешавад, нақши занон дигаргуниҳои куллиро таҷриба мекунад. Агар якчанд сол пеш “Бахти духтар” бештар бо издивоҷ чен мешуд, имрӯз сатҳи таҳсил, ҷаҳонбинӣ ва касбият меъёри асосии арзишмандӣ ба ҳисоб меравад. Аммо саволе, ки ҳамоно матраҳ аст, чунин аст: барои духтарон аввал таҳсил муҳим аст ё шавҳар кардан? Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, таҳсилот барои духтарон воситаи муҳимтарини рушд ва худшиносӣ мебошад.
Духтари босавод метавонад ҳуқуқи худро ҳимоя кунад, мустақил бошад ва дар оилаву ҷомеа ҷойгоҳи устувор пайдо намояд. Дар ҷомеаҳои суннатӣ, ки ҳанӯз ҳам издивоҷи бармаҳал зиёд аст, мушкилотҳои ноомодагӣ ба зиндагии оилавӣ, вобастагии пурра аз шавҳар, зиёд шудани ҳолатҳои талоқ ва ноустувории оила ба миён меояд. Таҳсил сармоягузории устувор ба оянда аст. Духтари соҳибмаълумот метавонад дар бозори меҳнат фаъол бошад ва ба иқтисодиёти оилаву ҷомеа саҳм гузорад. Аз дидгоҳи ислом, таҳсил барои мард ва зан баробар фарз шумурда шудааст.
Паёмбар (с) фармудаанд: “Талаби илм бар ҳар мусалмон - мард ва зан фарз аст”. Ин таъкид нишон медиҳад, ки донишандӯзӣ авлавият дорад, новобаста аз издивоҷ. Фарҳанги тоҷикӣ низ решаҳои амиқи илмдӯстӣ дорад. Аз замони қадим, хонаводаҳо кӯшиш мекарданд, ки фарзандон - ҳам писар ва ҳам духтар савод омӯзанд. Имрӯз, бар асоси арзишҳои миллӣ ва динӣ, таҳсил бояд ҳамчун қадами аввал барои ҳар духтар пазируфта шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи таҳсил ва издивоҷ байни духтарони шаҳр ва деҳот тафовути ҷиддӣ дорад: Дар шаҳрҳо, сатҳи таҳсилоти миёна ва олӣ байни духтарон баландтар аст. Духтарони шаҳр имконият доранд ба донишгоҳҳо роҳ ёбанд, соҳиби касб шаванд ва баъд аз он бо интихоби огоҳона ба издивоҷ ворид гарданд. Дар ин ҳолат, оилаҳо устувортар ва имкониятҳои иқтисодӣ беҳтар аст. Дар деҳот, ҳолати дигар аст.
Аксар вақт духтарон пас аз хатми мактаби миёна идомаи таҳсил намедиҳанд ва волидайн ба издивоҷи бармаҳал рӯ меоранд. Сабабҳо гуногунанд: фақр, дурӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, боварҳои суннатӣ ва норасоии имконият. Ин боиси зиёд шудани вобастагӣ аз шавҳар ва ноустувории иқтисодӣ мегардад.
Бар асоси таҳқиқоти созмонҳои ҷамъиятӣ, дар деҳоти Тоҷикистон беш аз 40 дарсад духтароне, ки пеш аз синни 20-солагӣ издивоҷ мекунанд, баъд аз чанд сол аз мушкилоти иқтисодиву равонӣ ранҷ мекашанд. Масалан, дар кишварҳои пешрафтаи Скандинавия, ки таҳсили занон қариб 100 фоизро ташкил медиҳад, на танҳо сатҳи иқтисодӣ, балки устувории оилаҳо низ баланд аст. Дар Тоҷикистон таҷриба нишон медиҳад, ки духтарони соҳибмаълумот ҳам дар бозори меҳнат муваффақтаранд ва ҳам издивоҷҳои онҳо устувортар аст, зеро интихоби шарик бар асоси ҷаҳонбинии васеъ сурат мегирад. Баръакс, ҳолатҳои талоқ бештар дар он хонаводаҳое ба қайд гирифта мешавад, ки духтарон бетаҳсил ва бо шитоб ба шавҳар дода шудаанд. Барои он ки духтарон тавонанд аввал таҳсил кунанд ва баъд бо омодагӣ вориди зиндагии оилавӣ шаванд, чанд иқдом зарур аст: -баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ, махсусан барои духтарони деҳот; -ҷорӣ кардани барномаҳои дастгирии молиявӣ барои оилаҳое, ки духтаронро ба донишгоҳ мефиристанд; -тағйири афкор: арзиши воқеии духтар дар дониш ва маърифат аст, на танҳо дар бармаҳал ба шавҳар додан; -ташкили маъракаҳои иттилоотӣ дар деҳот барои огоҳ кардани падару модарон аз зарари издивоҷи бармаҳал; -падару модар бояд таҳсили духтарро афзалтар донанд ва барои идомаи он шароит фароҳам созанд; -олиму воизон бояд таълимоти исломиро дуруст тавзеҳ диҳанд ва таъкид кунанд, ки таҳсил барои духтарон низ фарз ва воҷиб аст.
Таҳсил барои духтарон маънои ояндаи устувор, интихоби огоҳона ва зиндагии хушбахтро дорад. Оилае, ки бо дониш ва омодагӣ бунёд мешавад, на танҳо барои зану шавҳар, балки барои фарзандон ва тамоми ҷомеа сармояи бузург хоҳад буд. Хулоса, ба андешаи банда таҳсил ва издивоҷ ҳарду муҳиманд, аммо тартиби дуруст чунин аст: Аввал таҳсил, баъд издивоҷ. Шумо чӣ андеша доред? Ибодуллоҳ ОДИНАЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ