НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН
сентябрь 12 2025

"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН

                              "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ГУЛИСТОН

       Шоми 7 сентябри соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо, зиёиёну фаъолон ва сокинони ҷамоат чорабинии идона таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Таъкид гардид, ки маҳз Истиқлолият роҳи нави зиндагиро барои тоҷикон боз карда, сабаби эҳёи суннату арзишҳои миллӣ гардид ва шароити рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард.

Чорабинӣ бо сурудҳо ва навоҳои пурмазмуни санъаткорон гуворотар гардид. Сарояндаи машҳури кишвар Ҷаҳонгири Рустам бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона фазои идонаро рангоранг намуда, меҳри мардумро ба Ватан ва Истиқлол боз ҳам тақвият бахшиданд.

 Сокинони Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо руҳияи баланд дар чорабинӣ ҳузур доштанд ва бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ сипоси худро аз неъмати соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёр иброз намуданд. Чорабинӣ бо аҳди ҳамагон барои ҳифзу ободии Ватан ва арҷгузорӣ ба Истиқлолият, ки рамзи озодӣ, ваҳдат ва сарбаландии миллати тоҷик аст, анҷом ёфт.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 12 сентябрь 2025 07:12
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 10
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
05 сентябрь 2025
---
ШОМИ ПУРИФТИХОРИ

ШОМИ ПУРИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ - "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

Маълумоти бештар
27 март 2024
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи

Маълумоти бештар
02 сентябрь 2025
---
ТАНТАНАИ "ШУКӮҲИ

ТАНТАНАИ "ШУК ӮҲ И ИСТИ Қ ЛОЛ" БО ИШТИРОКИ САНЪАТКОРОН ВА СОКИНОН

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930