http://balkhi.tj/
УМРИ МОРО УМРИ ПАЙЃАМБАР ГӮЯНД...
2-07-2021, 11:57 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

      Пӯшида нест, ки дар байни аҳли башар инсонҳои хуб, дидадаро, роҳбалад роҳи таълиму тарбия, босаводу бомаърифат, хушахлоқу ростқавл, бонангу номус хеле зиёданд. Дар ҷамоаи имрӯза инсонҳо гуногун мешаванд. Яке илм меомӯзад, дигаре боигарӣ ҷамъ меоварад, севвумин бошад ба ҳеҷ чиз раѓбат зоҳир наменамояд ва чаҳорумин дар ҷустуҷӯи номи нек аст. Шахсе, ки мо дар борааш қисса мекунем, Раҳмоналӣ Эмомов аст, ки то синни нафақа баҳри ободии Ватан камари ҳиммат бастааст.

      Ӯ зодаи Фархори бостонист. 26 майи соли 1958 дар деҳаи Октябри Ҷамоати деҳоти Деҳқон -Ариқи ноҳияи Фархор таваллуд шуда, муҳассил ва хатм кунандаи муассисаи таълимии №8 -уми ноҳияи Фархор мебошад.

      Дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил намуда, пас аз хатми донишгоҳ солҳои 1984-1992 дар шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор ҳамчун мушовир фаъолияти меҳнатиашро оѓоз намудааст. Тавре устод Раҳмоналӣ Эмомов зимни нишастҳояш мегӯяд:

     - «Пешаи омӯзгорӣ касби бисёр заҳматталабу пурифтихор аст». 

       Мавсуф моҳи декабри соли 1992 бо амри тақдир ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ ноҳияи Колхозобод) барои истиқомати доимӣ омада, фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маориф давом додааст. Солҳои 1992-1994 муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, солҳои 1995-1997 директори муассисаи таълимии №10 буд. Аз соли 1998 то соли 2015 ҳамчун корманди эҷодии Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон фаъолият намудааст. Аз соли 2015 то соли 2017 директори Гимназияи давлатии № 1-и ноҳияи ҷалолиддини Балхиро ба ӯҳда дошт. Моҳи октябри соли 2017 то ба нафақа баромаданаш дар вазифаи мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти кориашро идома додааст.

        Дар баробари кору фаъолияти эҷодиву раванди таълиму тарбия дар оила хеле сахтгиру меҳрубон аст. Оилаи меҳрубонаш Занҷирамо Орифова ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошт ва имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Ҳар он кор ва нақшае тарҳрезӣ мекунад, аввал аз ӯ маслиҳат мепурсад. Дар зиндагӣ бо ҳам мувофиқанду якдигарфаҳм ва ваҳдатсаро мебошанд. Соҳиби 5 фарзанди солеҳу солеҳа буда, ҳамаашон соҳибкасбу маълумот ва оиладор ҳастанд. 

        Ӯро аксарият мардуми ноҳия мешиносанд ва ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо меоранд, вале бештар муаллимаш ном мебаранд. Аз рафтору гуфтораш маълум аст, ки касбашро хеле дӯст медорад. Ҳамеша аз болои худ кор мекунад. Ҳадафаш он аст, ки нисбат ба раванди таълиму тарбияи насли наврас, навовариҳо намуда, усули тадрисро ҷолибтар намояд ва намунаи ибрати дигарон бошад. 

      Боре ҳамчун омӯзгори таҷрибадор донандаи хуби касби хеш пурсидам, ки омӯзгори асил кист ва чӣ қурбу манзалат дорад?

      Бо тафохур посух дод:

      - «Омӯзгор шахсест, ки беҳбудиву беҳдошти зиндагӣ, баланд бардоштани сатҳу дониши худ ва шогирдонро дар ҷои аввал мегузорад. Дар ҷое хонда будам, ки «Шогирд коѓази сафед аст» чизе, ки дар ӯ қайд кунӣ, нек ё бад, ҳамон мешавад. Мақсади асосии ман дар зиндагӣ ва кор ин баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ба қуллаҳои мурод расидан, ѓанӣ гардонидани ҷиҳати луѓавӣ (луѓатомӯзӣ), васею афзун гардонидани сатҳи дониш, шавқу ҳаваси дониши моддию маънавии ҷомеа аст».

        Имрӯзҳо шукри Худованди мутаъол, Ваҳдати миллӣ, осмони соф, тинҷию оромии кишвар, гул-гулшукуфоии диёр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мекунад.

      Дар роҳи эҷод низ муваффақ аст. Соҳиби се китобча «Боргоҳи маърифат», «Мазраи вафо» ва «Нахли мевадор» буда, ба чоп расонидани онҳо аз заҳматҳои пайвастагии Раҳмоналӣ Эмомов шаҳодат медиҳанд. Дар тулии фаъолияти кориаш фикр мекунам, ки ҳамчун омӯзгори босаводу бомаърифат, хоксору фурутан, ошиқи касби хеш дар пешбурди ҷомеа хизматҳои хеле арзанда кардааст. Албатта, ягон заҳмат аз тарафи давлату ҳукумати соҳибистиқлол бе подош намемонад. Заҳматҳояш бо нишонаҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизиони Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадр карда шудаанд. 

Эй муаллим, то абад номат ба некӣ зинда бод,

Ҳар касе қадри ту донад, дар ҷаҳон фархунда бод!

       Дар ҳақиқат, устод Раҳмоналӣ Эмомов дар чандин ҷабҳа меҳнати софдилона намуда ба синни мубораки ниҳоии нафақа 63-солагӣ расид. Барои қадрдонии ин омӯзгори хоксору асил дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маориф маҷлис доир гардид. Дар ин чорабинӣ тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони шуъбаи маорифи ноҳия иштирок намуданд. Зимни ошноӣ ба фаъолияти кори пурсамари устод Раҳмоналӣ Эмомов қайд карда шуд, ки бе муболиѓа, дар раванди баланд бардоштани сатҳу сифати дониши омӯзгорону хонандагон ӯ нақши бориз дорад. Ҳамчун маслиҳатчӣ, дастурдеҳ ва роҳнамои омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик хизматашро софдилона ба ҷо овард, - гуфт Мирзоназар Наибов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия. Рӯзи гусел ба нафақа аз тарафи кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, собиқадори меҳнат мушовири кабинети методӣ Мамараҳим Мирзошарипов ба ин шахсияти арзанда ҷомаи бахту иқбол пӯшонид. 

        Дар фуровард зимни суханрониаш устод Эмомов Раҳмоналӣ иброз намуд, ки аз ин қадрдонии кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, хеле миннатпазирӣ аст ва арзи сипосашро чунин баён кард.

Шасту се соли баҳори ман гузашт,

Дар талошу гирудори зиндагӣ.

Умри моро умри Пайѓамбар гӯянд,

Ин бувад бахти баланди бандагӣ...

     Аз Даргоҳи Офаридагор талабгорам ва дуо мекунам, ки Шуморо низ ба ин рӯзи муборак расонад.

       Дар охир ман ҳамчун сармутахассиси шуъбаи маориф аз номи ҳамаи кормандони соҳаи маориф таманнои онро дорам, ки имрӯз, ки устод дар роҳи давлати пирӣ гомҳои нахустин гузошта истодаанд, ба синни мубораки сад расанд. Доимо сиҳатманду тандуруст, сарбаланд ва ҳамеша дар паҳлӯи мо бошанд.

Умедҷон Шомирзоев, 

сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия

скачать dle 12.1
Просмотров: 47  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.