http://balkhi.tj/
Паёми табрикии Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло ба ифтихори 814-солагии зодрузи Ҷалолиддини Балхӣ
30-09-2021, 17:49 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

       Ҳамдиёрони азиз,

       Ҳозирини арҷманд!


    Дар саҳнаи адабиёти беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик садҳо нобиғагони илму адаб ба майдон омаданд, ки номи онҳо бо осори пурғановаташон дар ганҷинаи тамаддуни милливу ҷаҳонӣ сабт ёфтааст.

   Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин шоир ва мутафаккири намоёни қарни XIII, ки мафҳумум аз мунҳои ирфонӣ дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст, аз ҷумлаи онҳо мебошад.

        Аз он ифтихормандем, ки дар ҳамоиши фарҳангӣ, ки ба истиқболи 814-солагии бузургдошти олим, шоир ва машҳуртарин пешвоёни ҷараёни тасаввуфии Машриқзамин Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда мешавад, ширкат намуда, аз ин санаи ифтихорӣ пазироӣ менамоем. 

     Ин ахтари дурахшони ҳаёти маънавӣ мулаққаб бо Мавлоно, Мавлонои Рум, Мавлои Рум, Мавлавӣ соли 604-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 30- моҳи сентябри соли 1207 дар шаҳри Балх дар хонаводаи фақеҳу воиз, хатибу ориф ва фозили фарзонаву маъруф Муҳаммад Бинни Ҳусейн Ал Хатибӣ машҳур бо унвони Баҳоуддин Валад ба дунё омадааст. Падараш аз олимони Балх маҳсуб ёфта, ба таълиму тарбияи у бо таваҷҷуҳи падари донишманд аз хурдсолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир шуд ва нозукиҳои забони модарию арабӣ, анвои илмҳои динӣ чун шариати исломӣ, фиқҳ, ҳадис, тафсир, ирфони фалсафа, риштаҳои илму адаби назмшиносӣ ва афкору ақоиди дар он айём ривоҷдоштаро омухт. 

      Бино ба маълумоти «Маноқиб-ул - орифин» Баҳоуддин Валад дар сини 5-6 солагии Ҷалолуддин бо масоили марбут ба замони зист бо аҳли хонавода ва иддае аз фақеҳони наздикаш бо азми тавофи Ҳиҷоз ба воситаи Эрону Ироқ озими хонаи Худо шуда, пас аз зисти муваққатӣ дар Шом вориди Осиёи Сағир мегардад ва солҳо дар ин макон иқомат ихтиёр мекунад. Баъд аз чанд муддате овозаи тақводорӣ ва донишмандию суханварии Баҳоуддин Валад дар Рум интишор меёбад ва подшоҳи салчуқии Рум Алоуддин Қайқубод, ки ҳамчун шахси фозил бо забони форсӣ шеъри хуб ҳам мегуфт, уро ба Қуния даъват мекунад. Баҳоуддин Валад ҳамагӣ баъди ду соли иқомат дар Қуния вафот мекунад.

     Дар ин вақт аз умри Мавлоно Ҷалолуддин ҳамагӣ 24 сол мегузашт, вале бо вуҷуди ин бо тақозои иродатмандон у ба ҷои падари бузургвораш бар маснади тадрису вазъ менишинад ва ба таълиму ҳидояти толибилмони ҳақиқату маърифат ба бузургтарин марказҳои таълимоти исломии он айём Ҳалабу Димишқ омада, пас аз бозгашт ба Қуния бо анвои илму дониш мусаллаҳ ба тарбияву иршоди соликони роҳи тариқат шуғл меварзад. 

      Бузургтарин асари у "Маснавии Мавлавӣ" маҳсуб меёбад, ки эҷоди ин асар 10 сол идома ёфта, мавзӯи асосии он масъалаҳои тасаввуф мебошад. Тасаввуф ҷараёни фалсафию ирфониести бо роҳи кашфу завқ дарк намудани Оламу одамро мароми худ қарор дода буд

      Мавлоно шоири арҷмандестки мафҳуму мазмунҳои ирфонӣ дар ашъораш бо шеваи бисёр дилнишин бозгӯ шудааст. Ӯмиёни аҳли ирфон аз ҷумлаи пайравони тариқати Мавлавия ошиқони ориф ба шумор меравадМаснавии маънавии ӯ дар адабиёти форсу тоҷик ҳамчун шоҳкории беназир шинохта шудааст. Бар иловаи ин ҳама Мавлоно соҳиби Девони кабирестки ғазалиёти динию фалсафиву ахлоқии ӯро фаро гирифтааст. Дар ин нигошта  на фақат парвози хаёли шоиронабалки ҷаҳонбинию андешаҳои орифонаи у баён гардидаандМетавон гуфт, ки дар нигоштаҳои ашъори орифона шоир ба дараҷаи ниҳоии камолоти маънавӣ расида, ин ҳунармандӣ ҳам дар Маснавӣ ва ҳам дар ғазалиёт ва рубоиёти Мавлоно мушоҳида мешавад.

     Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ монда, бо ин осори пургановаташ ҳамчун ситораи пурҷилову тобнок аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи дустдорони илму маъниро равшанӣ мебахшад.

     Мусаллам аст, ки арҷгузорӣ ба шахсият ва осори гаронарзиши  орифону донишмандони барҷастаи тоҷик дар сиёсати олии фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, дар навиштаи «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» хеле бамаврид қайд шудааст:«Мавлоно дар Вахшонзамин таваллуд ёфта, минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тўли ҳаёти пурмаҳсули маънавию иҷтимоияш бо намояндагони қавму миллат ва дину мазҳабҳои гуногун дар муносибати наздике буд. Маҳз ҳамин пайвастагӣ бо қавмҳои гуногун Балхиро водор намуд, ки як таълимоти дархўри ниёзҳои мардуми мухталиф ва умуман барои тамоми аҳли башар муносибро асос диҳад».

       Воқеан шахсиятҳои маъруф чун Ҷалолуддини Балхӣ танҳо ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳидае маҳдуд набуданд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун нисбат ба осору ғановати маънавии ин орифи бузург аст. Мусаллам аст, ки Мавлавӣ дар Қуния (Туркияи имруза) зиндагӣ кардааст, аммо тамоми осорашро бо забони модариаш-тоҷикӣ-форсӣ эҷод намудааст ва ба-дин васила руҳи миллӣ ва муҳаббати хешро ба забону миллати худ на танҳо ҳифз, балки нишон додааст. 

     Зербайти;

     Наъраи ҳойуҳуи ман аз дари Рум то ба Балх

      Асл куҷо хато кунад, Шамси ману Худои ман собит ба ин аст.

       Маҷмуаи ашъори Мавлоно Ҷалолуддин, ки аксари он аз номи Шамси Табрезӣ ва бо зикри исми у гуфта шудааст, бо унвони «Девони Шамси Табрезӣ» ва ё «Девони кабир» мураттаб гардида, мукаммалтарин таълифоти Мавлоноро ташкил додааст.

    Дар маснавии маънавӣ ҳамчун шоҳасари мақбулу маҳбуб дар баробари тасвири нуқтаҳои муҳими афкори ирфониву тасаввуфӣ ва хулосаҳои ҳакимона роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни маънавӣ аз оёти Қуръони Карим шоҳид оварда шуда, донишмандони асрҳои гузаштаву имруза «Маснавии маънавиро» бо унвонҳои ифтихории Қуръон дар забони паҳлавӣ, «Нардбони осмон», «Китоби муътабар дар тафсири Қуръон» ва «Тафсири суфиёна аз Қуръон» хондаанд. 

       Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ солҳо ва қарнҳост, ки бо осору ашъори ноб, ирфонӣ ва иҷтимоии хеш ва бо диду пиндори ҷаҳониаш таваҷҷӯҳи одамони дорои мазҳабу кеш, миллат ва нажоди мухталифро ба сӯи хеш мехонад. Осори ӯ лаҳза ба лаҳза ба таври такрор ба бозор меоянд ва мардумонро ба самти худ мекашанд. Ва солҳову қарнҳост, ки Мавлавихониву Маснавихонӣ аз суннатҳои дилписанди аҳли адаб ва шефтагони ашъори Мавлоно гашта, шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.

     Ҳозириниарҷманд!

   Боиси ифтихор ва самимияти хосса аст, ки соли 2017 дар ҳамоиши бузургдошти 810 – солагии Мавлоно 22-юм насли ин орифи кабир Раиси Фонди Мавлоно Хонум Айше Эсин Байру бо ташрифи расмӣ ба Тоҷикистон даъват шуда, пас аз ширкат дар ҳамоиши байналмиллалӣ бо иштироки донандагони ашъори ноби Ҷалолиддини Балхӣ аз зодгоҳи насли гузаштаву пурифтихори худ ноҳияи мо боздид намуданд. Ҳамзамон бо дустдорони каломи бадеъ низ аз мазмунҳои инсонпарварона ва таҳаммулгароёна, аз ишқи самимона ба инсон ва Худованд саршор будани осору афкори ин чеҳраи саршиноси илму ирфон суханварӣ намуданд. 

     Мову Шумо низ фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омузем, фарзандонамонро дар руҳияи таълимоти онҳо тарбия намуда, фармудаҳои онҳоро дастури амал қарор диҳем. Бо ин мақсад бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии соҳибкорони соҳибташаббуси ноҳия бунёди Хона музейи Ҷалолиддини Балхӣ идома дошта, атрофи пайкараи муҳташами ин нобиғаи адабиёти форсу тоҷик ба гулгашти зебо ва мавзеи фароғату истироҳати дустдорони ашъори баландмазмуни шоир табдил хоҳад шуд. Ҳамзамон, дар осорхонаи ноҳия, ки дар рузҳои наздиктарин ба истифода дода хоҳад шуд, нимпайкараи Ҷалолиддини Балхӣ ва осори пурғановати у миллати соихибдевони точикро ба сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар муаррифи хоҳад кард. 

     Зимнан, ёдрас мешавем, ки дар назди бахши фарҳанги ноҳия маҳфили адабии «Мавлонохонӣ» амал мекунад, ки дустдорони сухани волои Ҷалолиддини Балхиро ба ҳам оварда, сафи суханварони ҷавон ва эҷодкорони хушилҳомро аз ҳисоби насли ҷавон зиёд ҳоҳад кард.

     Сокинони соҳибфарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз он ифтихор менамоянд, ки аз соли 2007 ин гушаи ободу зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бо номи ин орифу донишманди бузург соҳибмаъруф бо ҷаҳду талоши фарзандони фарзонааш рушд мекунад, симои худро бамаротиб зебо мегардонад ва бо шуҳрати қаблии худ дар самтҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт бамаротиб пеш меравад. 

     Ҳозирини арҷманд!

    Бо ифтихор ва самимият ҳамаи Шуморо ба чорабинии фарҳангию адабии «Гулбонги маънавии Мавлавӣ», яъне ба ҷавлонгоҳи андешаҳои ҷаҳонгири Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хайра мақдам менамоем. 

скачать dle 12.1
Просмотров: 26  |  Комментариев: (0)  |  Нашли ошибку?
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.