-->
 

                               ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

   Ҳамасола, ба оғози фасли баҳор рост омадани Рӯзи модар рамзи шукуфоӣ ва зебоӣ буда, ба ҷаҳони маънавии ҳар фарди ҷомеа эҳсоси гармии муҳаббат ва самимият мебахшад.

 

 

                                            “ҲАР САҲАР МЕХЕЗАМУ ЁДАМ БА ЁДИ МОДАРАМ”   

   Таҳти чунин унвон бахшида ба “Рӯзи Модар” 5-уми марти соли равон дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

 

                         ҚАДРДОНИИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ "НАВИДИ БАЛХ" ДАР АРАФАИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

     Дар остонаи 113-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Ибодуллоҳ Одиназода барои фаъолияти  пурсамари  эҷодӣ,  саҳми  арзанда  дар  рушди  матбуоти миллӣ ва  таблиғи дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.  

   

                                                           ЛИГАИ ОЛӢ “Панҷшер”

   Дар даври аввал бо “Ҳулбук” бозӣ мекунад Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар доираи бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ дидор анҷом медиҳад.

 

                                            ОМӮЗИШИ ҲУНАР - РОҲИ МУВАФФАҚИЯТ ВА КОМЁБӢ

   Ҳунар яке аз сармояҳои бебаҳои инсон аст, ки онро бо ҳеҷ гуна дороӣ, сарват ё симу зар иваз кардан ё харидан   мумкин нест.  Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ ва соҳибэҳтиром мегардонад.   Одаме, ки ҳунар дорад, метавонад дар ҳама ҳолат барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад ва мустақилона рӯзгори худро пеш барад.

  

                                                           МУЖДА АЗ БАҲОРУ НАВРӮЗ

    Имрӯз, 1 марти соли 2025, бахшида ба оғози фасли баҳор ва омад-омади Наврӯзи байналмилалӣ, аз тарафи бахши фарҳанг ва мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ баргузор карда шуд.

 

                                                 ВОХӮРИИ АДИБИ ҶАВОН БО ХОНАНДАГОН

   Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии адиби ҷавони ноҳия - ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Кароматулло Садиров бо хонандагон доир гардид.

                                      ФЕСТИВАЛИ "САД РАНГИ ЧАКАН" ВА ДАСТПУХТИ КАДБОНУВОН

      Тибқи нақшаи чора  биниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 1 марти соли равон дар  Хона-мӯзейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинони раиси    ноҳия Қурбонзода    Қурбоналӣ ва Шукурзода Шаҳло, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ фестивали “Сад ранги чакан” ва озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид.

 

                                       ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДОРӢ ДАР МАЪРАКАИ ИНТИХОБОТӢ

   2 марти соли 2025, сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҳаллӣ иштирок карданд.

 

                                    БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ

   Имрӯз, 27 феврали соли 2025, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Шукурзода Шаҳло аз Китобхонаи марказии ноҳия дидан намуда, бо кормандони он суҳбат орост.

 

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031