ҶАМЪОВАРИИ БО МАРОМИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Аммо бо таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла вобаста ба вазъи бозори фурӯш майдони кишти он нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, боиси коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва ҳаҷми содироти он гардидааст. Бинобар ин, масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд. Эмомалӣ РАҲМОН Ин дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аҳли заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат соҳаи пахтакориро чун солҳои пешин рушду равнақ бахшанд.