СОЯИ ЯК ТАҲДИД: САФАРИ ПИНҲОНИИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ БА КОБУЛ
Дар шароите ки фазои сиёсӣ ва амниятии Осиёи Марказӣ рӯз ба рӯз мураккабтар мешавад, паҳн гардидани хабарҳо дар бораи сафари эҳтимолии Шарофиддин Гадоев - роҳбари созмони мамнӯъи “Гурӯҳи 24” ба шаҳри Кобул, таваҷҷуҳи ҷиддии таҳлилгарон ва ниҳодҳои амниятиро ба худ ҷалб кардааст.
Гарчанде манобеи расмӣ то кунун ин хабарро тасдиқ накардаанд, худи вуҷуди чунин иттилоъ метавонад нишон диҳад, ки дар пасманзари ҷанҷолҳои геополитикӣ ҳодисаҳои муҳимме дар ҷараёнанд. Шарофиддин Гадоев, ки солҳои зиёд бо изҳорот ва фаъолиятҳои зиддиҳукуматӣ машҳур аст, ба назар мерасад ки талош дорад барои худ як заминаи нав дар минтақа пайдо кунад. Афғонистон - кишвари ноором ва саросар печида аз ҷиҳати сиёсиву идеологӣ метавонад барои чунин шахсият як паноҳгоҳи стратегӣ бошад.
Суол ин аст: -Оё ӯ дар пайи ҷалби пуштибони сиёсӣ ё низомист, ки ҳадафаш ташкили як платформаи зиддиҳукуматӣ бошад? -Оё ӯ бо Толибон ё гурӯҳҳои дигар дидору гуфтугӯ доштааст, то бо ёрии онҳо амният ва ҳаракати озод дошта бошад? -Ё ин танҳо як бахши нақшаи васеътари бозигарони хориҷист, ки мехоҳанд бо истифода аз шахсиятҳои баҳсбарангез ба давлатҳои мустақил фишор оваранд? Дар чанд соли ахир Афғонистон ба макони мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Русия, Иёлоти Муттаҳида, Чин ва кишварҳои минтақа, ҳар кадом бо манфиатҳои мухталиф, ба ин кишвари даргирида ворид шудаанд. Дар чунин шароит, ҳаракати як шахси муҳолиф бо заминаи сиёсии равшан, мисли Гадоев, метавонад танҳо бо ҳамоҳангии неруҳои беруна сурат гирад - ё ҳадди ақал, бе сарпарастӣ набошад.
Ҳарчанд “Гурӯҳи 24” як созмони ба истилоҳ сиёсии мухолифин аст ва Толибон як ҳаракати мазҳабии низомӣ, аммо аз дидгоҳи Тоҷикистон ҳарду ҳамчун таҳдид ба амният ва суботи миллӣ шинохта мешаванд. Агар воқеан миёни онҳо гуфтугӯ ё ҳамкорӣ сурат гирифта бошад, ин метавонад намунаи хатарноки пайвастани экстремизми сиёсӣ бо ифротгароии мазҳабӣ бошад, ки паёмади он метавонад минтақа ва бахусус манотиқи наздимарзии Тоҷикистонро ба нооромӣ тела диҳад.
Дар шароити набуди иттилои расмӣ, таъкиди қатъӣ дар бораи ҳадаф ва мизони хатарнокии ин сафар душвор аст. Вале бар пояи таҷриба ва равандҳои сиёсии ахир, чунин ҳаракатҳо бояд ҷиддӣ таҳлил ва пайгирӣ шаванд. Эҳтимоли ташкили як пойгоҳи таблиғотӣ ё ҳатто амалии зиддиҳукуматӣ дар хоки кишвари ҳамсоя, барои Тоҷикистон як масъалаи муҳими амниятӣ боқӣ мемонад.