НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ - ЗАМИНАИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ШАҲРВАНДОН АЗ ОТАШСӮЗӢ
сентябрь 03 2025

МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ - ЗАМИНАИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ШАҲРВАНДОН АЗ ОТАШСӮЗӢ

                   МАШҚҲОИ ТАКТИКӢ - ЗАМИНАИ ҲИФЗИ АМНИЯТИ ШАҲРВАНДОН АЗ ОТАШСӮЗӢ

          Шоми 2 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ машқи васеи тактикии оташнишонӣ баргузор гардид. Ин машқ бо ташаббуси Қисми 28-уми Хадамоти ҳарбикунонидаи давлатии оташнишонӣ ва таҳти роҳбарии майори хизмати дохилӣ Сатторзода Носир Саттор сурат гирифт. Машқ дар ҳудуди бозори ҶДММ «Баҳор» роҳандозӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таҷрибаи амалӣ кардани кормандони оташнишонӣ дар шароити воқеӣ буд. Тибқи иттилои масъулин, чунин машқҳо имконият медиҳанд, ки ҳайати шахсӣ малакаҳои зарурии худро сайқал дода, дар ҳолати сар задани ҳолатҳои фавқулодда бо вокуниши саривақтӣ ва ҳамоҳанг амал намоянд. Дар ҷараёни машқ, кормандони оташнишонӣ амалан таҷрибаи хомӯш намудани оташсӯзӣ дар шароити шаҳрӣ, истифодаи техникаи махсус, наҷоти шаҳрвандон ва ҳамоҳангии гурӯҳӣ ҳангоми бартарафсозии ҳодисаҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳамзамон тарзу усулҳои таъмини амнияти мардум ва ҳифзи молу мулк аз сӯхтор низ мавриди коркарди амалӣ қарор гирифт. Тавре таъкид шуд, машқҳои омодагии касбӣ нақши калидӣ дар фаъолияти хадамоти оташнишонӣ доранд, зеро маҳз чунин тамринҳо имкон медиҳанд, ки кормандон дар рӯбарӯ бо вазъиятҳои ғайричашмдошт таҷрибаи воқеӣ андӯхта, омодагии худро барои ҳифзи ҳаёт ва амволи шаҳрвандон тақвият бахшанд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 03 сентябрь 2025 07:24
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 20
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 февраль 2025
---
МАШҚИ ТАКТИКӢ -

МАШҚИ ТАКТИКӢ - ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 5 феврали соли 2025 дар Қисми 28-уми Хадамоти

Маълумоти бештар
13 май 2025
---
ТАҲКИМИ АМНИЯТИ СӮХТОР:

ТАҲКИМИ АМНИЯТИ СӮХТОР: МАШҚИ ТАКТИКӢ-ОТАШНИШОНӢ ДАР НОҲИЯ

Маълумоти бештар
01 август 2025
---
Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ

Санаи 30 ИЮЛ - АРҶГУЗОРӢ БА ДАЛЕРОН: РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930