НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » РӮЗИ ДОНИШ - ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАЁТ
сентябрь 03 2025

РӮЗИ ДОНИШ - ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАЁТ

                                               РӮЗИ ДОНИШ - ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАЁТ

             Паёми табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло бахшида ба «Рӯзи дониш» Хонандагон ва устодони азиз! Сараввал Шумо ва дар симои Шумо тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ин рӯзи саид, ки бо номи «Рӯзи дониш» маълум аст, самимона табрику муборакбод менамоям. Бисёр рамзист, ки ин тантана бо номи «Рӯзи дониш» имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ қайд карда мешавад. Яъне баъди ин сана ҷавонону наврасон ба сӯйи ҷустуҷӯи роҳҳои нави илму омӯзиш қадамҳои худро мегузоранд.

Дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ яке аз омилҳои тақдирсози миллату кишварҳо дониста шудаанд. Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа мебошад. тЯке аз масъалаҳои муҳиме, ки роҳбарияти имрӯзаи мамлакат ба он таваҷҷуҳи хосса дорад, ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кулли муассисаҳои соҳа мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал гузоштааст. Чи хеле, ки ба мову шумо маълум аст, дар соли таҳсили 2025 - 2026 шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия хеле беҳтар гардидааст.

Аз ин рӯ, рисолати шумо - насли ҷавони имрӯза, иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, хондан, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар аст. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари мо дар дасти шумо мебошад. Итминони комил дорем, ки ҳар яки шумо, бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлат бо баҳои аъло таҳсил карда, оянда дар донишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар дониши худро сайқал дода, барои соҳибмаърифату соҳибкасб шудан азму талош менамоед.

Мо аз Шумо устодони гиромӣ, умедворем, ки барои ба сатҳи сифатан нав баровардани таълиму тарбияи наврасон маҳорату малакаи хешро дареғ нахоҳед дошт. Дар охир бори дигар Шуморо ба ифтихори «Рӯзи дониш», оғози марҳилаи нави ҳаёт ва ба муносибати ҷашни дарпешистодаи тақдирсози миллат - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва бахту иқбол орзумандам. Рӯзи дониш муборк, ҳамдиёрони азиз!

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 03 сентябрь 2025 07:47
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 25
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
10 НОЯБР – РӮЗИ

10 НОЯБР – Р Ӯ ЗИ МИЛИТСИЯИ ТО Ҷ ИК Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930