http://balkhi.tj/
22-04-2021, 15:44 | Автор: admin2 | Категория: Асосӣ
ДУШАНБЕ, 22.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудаастшаҳрвандон Обидов Абдулҳақ АбдулвосиевичШухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва   Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович,  сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ  боздошт гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз  бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)
22-04-2021, 09:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Ба диққати сокинони ноҳия, ки наздикону пайвандонашон дар Федератсияи Россия қарор доранд!

   Ба маълумоти шумо мерасонем, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID – 19» аз 18 апрели соли 2020, №274 ба таври худкор муҳлати амали бакайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ дароз карда мешаванд.

Просмотров: 7  |  Комментариев: (0)
22-04-2021, 05:21 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

   Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ҷавонони бонангу номус содиқона фаъолият доранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Просмотров: 7  |  Комментариев: (0)
20-04-2021, 11:52 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Суратгузориш аз пешниходи компазитсия  баҳси гулҳо  дар боғи абулқосим фирдавсӣ шаҳри душанбе ноҳияи ҷалолиддини балхӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ «сайри гули лола» ҷойи сеюмро сазовор гирифт.

Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)
20-04-2021, 09:47 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ
   Шаҳрваднони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.
Просмотров: 6  |  Комментариев: (0)
20-04-2021, 08:22 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ПЕШГРИИ ЗУРОВАРӢ ХОНАВОДАГӢ

           Тибқи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоатҳои шаҳраки деҳоти ноҳия бо фаъолзанони ҷамоатҳо вохӯрҳо доир гардиданд. 

     Дар вохӯрии болозикр гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Абдусаломзода Анзурат, доир ба мавзуҳои пешгирии зурӯварӣ дар оила, пешгири аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории вируси норасои масунияти одам, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва пешгирӣ аз гурӯҳҳои ифротгароӣ ибрози андеша намуданд. 


Просмотров: 20  |  Комментариев: (0)
16-04-2021, 08:32 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

ОЗМУНИ «рӯзғордорӣ»

       Дар асоси нақша-чорабиниҳои бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Коллеҷи энергетикии ноҳия озмуни Рӯзғордори» гузаронида шуд.

Просмотров: 12  |  Комментариев: (0)
15-04-2021, 08:34 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ СОЛИ 2021

    Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло маҷлиси ҷамъбасти тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.

Просмотров: 17  |  Комментариев: (0)
14-04-2021, 08:30 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

МОДАРИ СОЛИМ - КӮДАКИ СОЛИМ

     Ҳафтаи сипари гардида дар чойхонаи «Шамсулло» семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Модари солим- кӯдаки солим» аз тарафи ташкилоти лоиҳаи USAID баргузор гардид. 

Просмотров: 17  |  Комментариев: (0)
12-04-2021, 09:50 | Автор: admin-balkhi | Категория: Асосӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

                                                 12.04.2021 08:00, шаҳри Душанбе

    Ҳамватанони азиз!

   Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

    Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Просмотров: 23  |  Комментариев: (0)