ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ФУТБОЛИ ҶАҲОНӢ ДАР НОҲИЯ Ҳамасола 25 май дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун иди дӯстдорони ин навъи варзиши маҳбуб таҷлил мегардад. Ба ҳамин муносибат, рӯзи 24 май дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-варзишӣ доир гардид, ки ба як ҷашни воқеии футбол ва ваҳдати варзишгарону сокинон табдил ёфт. Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин мактаби варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ ташкил шуда, ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ дар байни насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш буд. Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони соҳа ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Қурбонзода Қурбоналӣ дар сухани ифтитоҳии худ қайд кард, ки футбол на танҳо як бозии варзишӣ, балки воситаи муҳими тарбияву ташаккули рӯҳияи ҷавонон, таҳкими дӯстӣ ва муаррифии миллатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин рӯз наврасону ҷавонон аз муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои варзишӣ бо шукӯҳу шавқ дар сабқатҳои гуногун - аз футболбозии кӯдакона то намоиши маҳорати техникаи футбол ширкат варзиданд. Мувофиқи маълумоти ташкилкунандагон, дар чорабинӣ зиёда аз 1000 нафар иштирок намуда, як қатор фаъолон бо туҳфаҳои варзишӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин туҳфаҳо ҳамчун рамзи эҳтиром ва ҳавасмандсозӣ ба ҷавонони фаъол тақдим гардиданд. Ин рӯз на танҳо барои дӯстдорони футбол, балки барои тамоми сокинони ноҳия як рӯйдоди хотирмон буд. Чунин чорабиниҳо, ба гуфтаи иштирокчиён, дар рушду тавсеаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи руҳияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим доранд. Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин изҳор доштанд, ки баргузории чунин ҷашнҳо дар оянда низ бо шукӯҳи бештар идома хоҳад ёфт ва футбол ҳамчун варзиши миллию ҷаҳонӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.