НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Материалы за Апрель 2024 года

                                 ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҶОМЕА

    Рӯзи 26 апрели соли 2024 таҳти роҳбарии прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вохӯрии судманд бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур, муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия подполковники милитсия Абосзода Ф.И., сардори нозироти андоз дар ноҳия Раҳматшоев С.Р., сардори дидбонгоҳи гумрукии «Колхозобод»-и ноҳия Сафарзода С.Р., иҷрочии калони хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Юсуфов Ф. вобаста ба хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеа, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар масъалаҳои доғи рӯз баромадҳо намуда ба саҳми сокинон расониданд. Дар ҷаласаи мазкур, порокурори ноҳия Собирзода И.М. баромад намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. 

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

    Санаи 26 апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шўро – роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини раиси ноҳия, масъулини Раёсати минтақавии хадамоти давлатии назорат ва низом дар соҳаи нақлиёти минтақаи Бохтар, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, терминалҳои мусофиркашонӣ, ронандагони мусофиркаш ва дигар шахсони дар масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа дар ин замина ба сабабу шаротҳои содиршавии садамаҳои нақлиётӣ дар давоми соли 2023, бахусус садамаҳои марговар дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 

                                             СЕМИНАР – МАШВАРАТ

    Рӯзи 25 апрели соли 2024 семинар - машварати ҷумҳуриявии раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Раҳмоналӣ Файзалиев ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир шуд. Меҳмононро дар майдони Парчами миллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулин самимона пешвоз гирифтанд. Сараввал меҳмонон аз Парчам, Нишон, Гулгашт, Пайкараи Мавлоно, Хона-музей ва Мақбараи рамзии шоиру мутафаккири тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ ва ҳамзамон аз муҷассамаи Модари маҳзун, нимпайкараи Сироҷиддин Исоев, Осорхона ва китобхонаи ноҳиявӣ дидан намуда, ба худ таассуроти нек бардошт карданд. 

ХАРИДУ ФУРЎШИ МАВОДИ НАШЪАДОР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

   Ҳодисаҳои фоҷеаоваре, ки тайи солҳои охир аз ҷониби гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ ва гуруҳҳои мутташаккили ҷиноят ба назар мерасанд, аз як тараф гушрас намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмилалӣ аст.

   Хариду фурӯши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. Ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба тахрибкорӣ ва анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ равона мегарданд.

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар пешгирї ва  мубориза  алайњи  чунин  хасоил  равона кардааст.

                        ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД

    Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас дар натиҷаи меҳру муҳаббати хос пайдо мегардад. Тифле, ки ба олами ҳастӣ чашм во мекунад, дар атрофаш ҳатман инсонеро мебинад. Охир, инсонро инсон ба воя мерасонад, тарбия мекунад, таълим меомӯзад ва роҳи зиндагиро нишон медиҳад, на махлуқоти дигар. Он тифле, ки аллакай аз дунё дидан намуд, ҳарчанд ҳарфе гуфта натавонад, вале бо ҳар наззорааш омӯхтаниҳои зиёдеро ба худ мегирад.

   Мутаассифона, на ҳар нафаре, ки ба воя расонидани тифл бар дӯши ӯст, уҳдабаро аст. Зеро, он тифл агар аз як тараф бо беҳдошти саломатӣ ва ғизои солим ба воя бирасад, аз тарафи дигар бояд он ғизои маънавӣ бигирад. Ғизои маънавӣ ин худ бо меҳр ва меҳрубонӣ ба воя расонидани тифл аст. Зеро кӯдаке, ки дар атрофи худ меҳрро нисбат ба худ мебинад, ва меҳрубониҳои наздикони худро эҳсос мекунад, дучанд нерӯ гирифта, ба мустақилии худ ва пешбурди роҳи ҳаёт фикр мекунад. Аммо кӯдаке, ки ҳанӯз аз айёми тифлӣ ғамхорӣ ва муҳаббатро нисбати худ эҳсос нанамояд, пас худро нафари нолозим дар ҷомеа эҳсос намуда, доимо дилгирифта ва дилафгору ноумедӣ дар ӯ ба назар мерасад.

   Ҳар нафаре, ки ба тарбияи кӯдак вобаст аст- падару модар, хоҳару бародар, хешу ақрабо дар муҳити хонавода, устод ё муаллим дар макони таълим, ёру дӯстон ҳангоми дидорбинӣ ё ин ки роҳбар ва шахсони собиқадор дар коргоҳҳо нисбат ба кадрҳои ҷавон,….. бояд меҳр дошта бошанд ва ба қадри имкон меҳрубониҳо намоянд. Зеро, мо медонем, ки дар бадани ҳар инсони зинда хун дар рагҳои хунгард дар гардиш буда, ҳарораташ гарм аст. Ин гармӣ нишона аз он аст, ки дар дили ҳар нафар меҳре чун лахча ё оташпора ниҳон аст. Агар боди сарде ба он бирасад, ба хокистар мубаддал мегардад ва баръакс агар гармие ҷонибаш равона шавад, фурӯзонтар мешавад. Вақте он ба шуълазанӣ шуруъ мекунад, аллакай аз чеҳраи ана ҳамон нафар муайян мегардад, ки ӯ меҳр ё меҳрубоние дидааст, ки боиси кушодарӯӣ, табассум ва эҳсоси тавонмандии ӯ гардидааст.

 

ХАРИДУ ФУРӮШИ МАВОДИ НАШЪАДОР ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

   Ҳодисаҳои фоҷеаоваре, ки тайи солҳои охир аз ҷониби гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ ва гуруҳҳои мутташаккили ҷиноят ба назар мерасанд, аз як тараф гушрас намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба хатари терроризм бошад, аз тарафи дигар кирдорҳои мазкур водор намуданд, ки бо кадом зуҳурот робита доштани терроризмро андеша намоем. Яке аз робитаи хатарноктарини он, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории тероризми байналмилалӣ аст.

   Хариду фурӯши маводи нашъаовар мувофиқи маълумотҳои алоҳида ба 400-500 млрд. долл. Ё ин ки 8-10% -и арзиши умумии гардиши моли тамоми дунёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин ба тахрибкорӣ ва анҷоми амалҳои террористиву экстремистӣ равона мегарданд.

Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, тамоми имконияту воситаҳои худро дар пешгирї ва  мубориза  алайњи  чунин  хасоил  равона кардааст.

   Ба тамоми чораҳои андешидашуда нигоҳ накарда, ин мушкилот ҳоло ҳам яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ боқӣ мондааст. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳои таъхирнопазир барои муътадил сохтани вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, пешгирии роҳҳои қочоқ, коҳиши сатҳи муомилоти ғайриқонунии онҳо ва истифодаи маводи нашъадор роҳандозӣ карда шудаанд.

   Бо мақсади пешгирӣ аз болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва истифодаи ғайритиббии онҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти  соли 2021 таҳти №145       “Стратегияи миллї оид ба назорати маводи нашъаовар дар Тољикистон барои солњои 2021-2030” қабул карда шуд. Мақсади асосии Стратегия коҳиши амалии паҳншавии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва истеъмоли ғайритиббии онҳо буда, хатари ин омилҳоро ба солимии аҳолӣ коҳиш медиҳад.

   Зимнан, бояд хотирнишон сохт, ки гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза бо он дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла мо, ҷавонон масъулем. Чунки дар шароити рӯзафзу ниммураккаб гардидани авзои ҷомеа яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба саломатӣ ва генафонди миллат ин маводи мухаддир аст, ки аз тарафи гуруҳҳои манфиатхоҳ ҳамчун яроқи қатли ом мавриди истифода қарор дода шудааст.

   Пас, моро зарур аст, то дар љомеаи имрўза, ки пур аз нишоту шодист, пайи ободкориву созандагӣ қадам бардошта дар роҳи давлатсозӣ устувор ва қавиирода бошем. Бо чунин амалҳои хоснабуда ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузорему зиндагии шоистаеро дар худ барқарор намоем. Фардои дурахшони миллати тоҷикро дар фазое табдил диҳем, ки танҳо бўйи гулҳои шукуфон вағунчаҳои навруста бошад ва касе натавонад, ин фазоро халалдор кунад.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ               Қурбонзода  Хуршед.

 

УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

      Имрӯз, 25 апрел дар кӯчаҳои Умар Хайём, Шарипов, Сино ва Абдураҳмони Ҷомӣ Ҷамоати шаҳраки Балх бо иштироки сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Файзинисо, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар намояндагони ҷамоати мазкур усули «Хона ба хона» баргузор карда шуд. Дар ин рӯз оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024 №АП507 дар бораи риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, худкӯшию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба илму ҳунаромӯзӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ барои зимистон ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз сухан гуфта, ба сокинон маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар шахс мебошад.

 

    

                                                            ҚАДРДОНӢ

    Имрӯз, 22 апрел дар маҷлиси назоратии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз тарафи раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ҷаъфарзода Фарзона Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг ва расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва иштироки фаъолона дар даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" супорида шуд.

   ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024

       Имрӯз, 19 апрел дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс Зикр, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулҷаҳон Юсупова, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, ҳамчунин муовинон ва роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Зимни суханронии хеш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

      

   БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ БАЙНИИДОРАВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

    Рӯзи 19 апрели соли 2024 дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври аввали озмуни байниидоравии ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҷабалӣ Абдулов, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, методисти китобхона Лутфинисо Азизова, хонандагони филиалҳои китобхона ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор номинатсия: "Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ", "Адабиёти классик", "Адабиёти муосир" ва "Адабиёти ҷаҳон" баргузор гардид. Дар озмун 33 нафар довталабон иштирок намуда, бо маҳорати баланд ба саволҳои аъзои ҳакамон ҷавоб дода, 8 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. 

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930