МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ БАЛХ» ЛАЗЗАТБАХШ АСТ
Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо, таъмини сокинони кишвар бо маҳсулоти ватанӣ, пешниҳоди имтиёзҳои гуногун ба соҳибкорон баҳри беҳтар гардидани вазъи иқтисодии сокинон мусоидат мекунад. Дар ин замина дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иншоотҳои истеҳсолии гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамоянд. Яке аз онҳо корхонаи саноатии «Панири Балх» мебошад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мавриди истифода қарор гирифта, тайи 3 - сол боз ба мардум хизмат мерасонад. Уғулой Абдуллоева, аз зумраи занони соҳибкори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буда, коргоҳи хурди истеҳсоли панир дорад, ки маҳсулоташ бо номи «Панири Балх» дар мағозаву бозорҳои ноҳия ва шаҳри Бохтар ба фурӯш бароварда мешавад. Аз рӯйи таҳлилҳо мо медонем, ки маҳсулоти ширӣ, аз қабили паниру қаймоқ ва равғани зарду творог ба саломатии инсон фоидаовар аст. «Солҳои 2018-2019 чунин маҳсулотро барои фарзандонам дар шароити хона тайёр мекардам. Духтарам тарзи омода кардани панирро аз шабакаи интернетӣ нишон дод. Аз ҳамсояҳо шир мехаридаму дар деги бобоӣ тайёр мекардам. Маҳсулоти худро ба панири бозор муқоиса мекардам, ки оё тавонистаам ё не. Ҳамсояҳо низ таъриф мекарданд. Тасмим гирифтам, ки тиҷорати худро дар ин самт оғоз намоям», - иброз намуд Уғулой Абдуллоева. Имрӯзҳо ӯ дар корхонаи худ фаъолияти пурсамар дошта, маҳсулоташ муштариёни зиёд дорад.