ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ХАТАР БА СУБОТИ ҶОМЕА
Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ табдил ёфтаанд. Ин падидаҳо боиси нооромӣ дар ҷомеа шуда, зарурати омӯзиши амиқи сабабҳо ва роҳҳои мубориза бо онҳоро ба миён овардаанд. Ҳарчанд аксарияти мардум бевосита бо ин равандҳо сарукор надоранд, таъсири онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҷаҳон ногузир аст.
Марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дар саросари ҷаҳон барои таҳлили амиқи экстремизми сиёсӣ ва терроризм фаъолият мебаранд. Экстремизми сиёсӣ одатан бо зӯроварӣ ҳамроҳ буда, боиси харобии ҷомеа мегардад. Идеологияи он, махсусан, дар кишварҳои мусулмонӣ, дар чанд даҳсолаи охир бо равандҳои сиёсӣ омехта шуда, сабаби ташаннуҷ дар минтақаҳои гуногун гардидааст.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳаракатҳои гуногуни диниву сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол гардидаанд. Омӯзиши таърих, идеология ва ҳадафҳои ин ҳаракатҳо барои ҷомеашиносон ва сиёсатмадорон муҳим аст, то онҳо таъсири ин ҷараёнҳоро ба ҳаёти миллии худ дуруст арзёбӣ намоянд. Бояд қайд кард, ки созмонҳои исломӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Онҳое, ки фаъолияти қонунии сиёсӣ дошта, барои татбиқи шариат дар ҳаёти ҷамъиятӣ талош мекунанд. 2. Гурӯҳҳои тундрав, ки бо истифода аз зӯроварӣ ва террор талош доранд, ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбанд. Терроризм таърихан ҳамчун василаи муборизаи сиёсӣ вуҷуд доштааст, аммо дар ҷаҳони муосир шаклҳои нав касб намудааст. Дар асрҳои миёна, бахусус дар Аврупо, терроризм барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва калисо истифода мешуд. Аз охири асри XVIII, мафҳуми "террор" ба маънои манфӣ роиҷ гардид. Имрӯз терроризм яке аз василаҳои асосии муборизаи сиёсӣ ва низоъҳои иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун фаъолият мекунанд ва бештари онҳо ҳадафҳои худро пинҳон медоранд. Муайян кардани шумораи дақиқи чунин ташкилотҳо душвор аст, аммо гурӯҳҳои бузург бо амалҳои худ ҳамеша аз худ дарак медиҳанд. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи терроризм ва экстремизм, инчунин таҳияи роҳҳои самараноки мубориза бо онҳо, вазифаи муҳими ҷомеаи илмӣ ва сиёсатмадорон мебошад. Танҳо тавассути таҳлили ҳамаҷониба ва ҳамкории байналмилалӣ метавон ба коҳиши хатари ин падидаҳои номатлуб ноил гардид. Метавон ин мавзуро чунин арзёбӣ намуд, ки терроризм ва экстремизм мушкилоти ҷиддие маҳсуб ёфта, тамоми ҷомеаи ҷаҳонро таҳдид мекунанд. Барои мубориза бо ин гурӯҳҳо муносибати ҳамаҷониба ва ҳамкории байналмилалӣ зарур аст. Танҳо тавассути дониш, маориф, рушди иқтисодӣ ва сиёсати оқилона метавон аз хатари ин падидаҳои номатлуб пешгирӣ намуд. Аҳлиддин АБУАЛИМОВ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ